Садамаи нақлиётӣ дар ҷоддаи Бишкек-Ӯш

Кӯлоб: ду нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд

12
(Таҷдидшуда 09:16 21.08.2015)
Садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои минтақаи Кӯлоб боиси марги ду нафар ва ҷароҳат бардоштани чанд каси дигар гардиданд.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik.Тайи ду рӯзи гузашта дар роҳҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ду ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд расида, ду нафар ҳалок шудаанд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

Ба иттилоъи манбаъ, рӯзи чаҳоршанбе, ронандаи 24-солаи нақлиёти тамғаи "Опел Астра", сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди маҳаллаи Нонбойи поён бехтарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавонистааст.

"Дар натиҷа, духтарчаи 1-сола, писарчаи 5-сола ва ноболиғи 15-сола, истиқоматкунандагони шаҳри Кӯлобро пахш намудааст, ки ноболиғи 15-сола аснои интиқол ба беморхона фавтидааст",- менависад манбаъ.

Рӯзи панҷшанбе бошад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел Астра", марди 54-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ" аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори рости роҳ чаппа шудааст. Дар пайи садма зани 47-сола, сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

12
Барчаспҳо:
сониҳа, ҳалокати одамон, мошин чаппа шудааст, садама, ВКД ҶТ, Хатлон, Кӯлоб, Тоҷикистон
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ

Сипоси падари Баҳром Ғафурӣ ба ғамшарикони хонадонаш

176
Хонаводаи Бахром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, ба тамоми дӯстону азизоне, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ғамшарикӣ кардаанд, изҳори сипос кардааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Баҳром аввал ба шумо – миллати бошараф ва мухлисони азизаш, сипас ба хонаводаи мо тааллуқ дошт, омадааст дар изҳороти хонаводаи мотамзада.

“Аз замин то осмон аз якояки шумо миннатдорем. Худованд ҳамаи шуморо аз балову офатҳои заминиву осмонӣ нигаҳбон бошад!”, - дуо кардаанд аҳли байти сароянда.

Сипосномаро яке аз дӯстони хонавода, рӯзноманигор Фахриддини Холбек дар саҳифаи фейсбукияш аз номи падари хонадон - амаки Шамсиддин, бародарони Баҳром - Анвар, Музаффар, Вайсиддин, писаронаш – Анӯшервон ва Эҳсон ва бақияи аъзои хонаводаи Баҳром Ғафурӣ нашр кардааст.

Баҳром Ғафурӣ бар асари садамаи маргбор санаи 7-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00 ҷон дода буд.

Бино бар иттилои ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер-200”, рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдаааст. .

Ба иттилои мабаъ, дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки худи ронанда Анварзода ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

176
Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, овозхон, Тоҷикистон
Последствия разрушений после селевого потока в Пенджикенте

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз омадани сел дар ВМКБ

85
(Таҷдидшуда 12:53 12.08.2020)
Давоми чанд рӯзи оянда обшавии пиряхҳо метавонад боиси фаромадани сел дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, давоми се рӯзи оянда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкони омадани сел дар назар аст.

Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, чунин ҳодисаи табиӣ метавонад  дар минтақаҳои Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошим рух диҳад.

Манбаъ мегӯяд, гармии бефосилаи тобистон ва баланшавии ҳарорат сабаби обшавии пиряхҳо ва  омадани селро дар пай дошта бошад.

Хатарнок: КҲФ ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ ва истироҳатро нишонгузорӣ мекунад

КҲФ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар минтақаҳои кӯҳистон  ҳангоми чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва сайёҳӣ дар кӯҳҳо эҳтиёткор бошанд.

Офатҳои табиӣ ба вилояти Суғд зиёда аз 14 миллион сомонӣ хисорот овардааст

Ёдрас мешавем, ҳарорати баланди то 44 дараҷа сар моҳи май дар Тоҷикистон идома дорад.

85

Таркиш ва бераҳмӣ: воқеъияти тазоҳуроти Белорус - гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 17:35 12.08.2020)
  • Тазоҳурот пас аз эълони пирӯзии Лукашенко дар интихоботи президентӣ дар Минск

Рӯзи сеюм мешавад, ки дар Белорус тазоҳурот ором намегирад. Аз интихоб шудани Лукашенко ба маснади президентӣ на ҳамаи шаҳрвандон шоданд

Интихоботи президентӣ дар Белорус 9 август доир шуд. Бино ба гузориши КМИ дар ин раъйдиҳӣ 5,8 миллион нафар ширкат кард.

Раҳмон ба Лукашенко: пирӯзӣ, гувоҳи эътирофи саҳми бузургатон дар соҳибихтиёрии давлат аст

Бар асоси эълони натоиҷи  интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани 80,23% овозҳо пирӯз шуд.

Натоиҷи интихобот дар ин кишвар на писанди ҳама шуд. Ҳамин тавр, се рӯз мешавад, ки дар шаҳри Мински Белорус эътирозҳо доман паҳн мекунад.

Тазоҳурот зуд- зуд ба макони задухӯрди эътирозгарон  ва мақомоти пулис табдил меёбад.

Тибқи иттилои расмӣ, давоми се рӯз дар паи гирдиҳамоиҳо беш аз 6 ҳазор кас боздошт шудааст.

Танҳо дар давоми рӯзи гузашта 51 тазоҳургар ва 14 корманди пулис ҷароҳатдор шудааст. 

Кумитаи тафтишотии кишвар дар ин росто 17 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

0
  • Тазоҳурот пас аз эълони пирӯзии Лукашенко дар интихоботи президентӣ дар Минск
    © REUTERS / Vasily Fedosenko

    Дар Белорус тазоҳурот пас аз анҷоми интихобот ва эълони пирӯзии мутлақи Лукашенко сар зад.

  • Тазоҳурот пас аз эълони пирӯзии Лукашенко дар интихоботи президентӣ дар Минск
    © REUTERS / Vasily Fedosenko

    Тибқи иттилои КМИ Белорус бино ба интихоботи мардум бо 80 дарсади овозҳо кишвардори кунунӣ - Александр Лукашенко дигарбора ба мақоми президентӣ интихоб шуд.

  • Тазоҳурот пас аз эълони пирӯзии Лукашенко дар интихоботи президентӣ дар Минск
    © REUTERS / Vasily Fedosenko

    Натоиҷи интихоботи президентӣ на ба ҳамаи шаҳрвандони Белорус писанд омад.

  • Тазоҳурот пас аз эълони пирӯзии Лукашенко дар интихоботи президентӣ дар Минск
    © AFP 2020 / Sergei Gapon

    Се рӯз мешавад, ки шаҳрвандони норозӣ аз натоиҷи интихоботи президентии Белорус ба кӯчаҳо мебароянд ва дарҳол миёни онҳо ва мақомоти пулис муноқиша сар мезанад.

  • Тазоҳурот пас аз эълони пирӯзии Лукашенко дар интихоботи президентӣ дар Минск
    © AP / Sergei Grits

    Бино ба гузориши мақомоти расмӣ дар се рӯзи охир дар паи тазоҳурот беш аз 6 ҳазор кас боздошт шудааст.

  • Тазоҳурот пас аз эълони пирӯзии Лукашенко дар интихоботи президентӣ дар Минск
    © REUTERS / VASILY FEDOSENKO

    Корманди мақомоти қудратии Белоруссия ба тазоҳургари ҷароҳатдор - Евгения Зайчкина ишора мекунад.

  • Тазоҳурот пас аз эълони пирӯзии Лукашенко дар интихоботи президентӣ дар Минск
    © AFP 2020 / Sergei Gapon

    Тазоҳургарон ба сӯи полис "коктейли Молотов" ҳаво медиҳанд, намояндагони мақомот дар навбати худ бо оринҷакҳои резинӣ ва рангдошта ба онҳо таҳдид мекунанд.

  • Тазоҳурот пас аз эълони пирӯзии Лукашенко дар интихоботи президентӣ дар Минск
    © AP / Sergei Grits

    Танҳо дар давоми шаби гузашта 51 тазоҳургар ва 14 корманди мақомоти қудратӣ захмӣ шуданд. Кумитаи тафтишотии кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кард.

  • Тазоҳурот пас аз эълони пирӯзии Лукашенко дар интихоботи президентӣ дар Минск
    © AP /

    Тазоҳургарон яке аз ҳамсафашонро, ки дар паи бархӯрд бо пулис ҷароҳатдор шудааст, ҳамроҳӣ мекунанд.

  • Тазоҳурот пас аз эълони пирӯзии Лукашенко дар интихоботи президентӣ дар Минск
    Sputnik

    Тазоҳургарон дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Минск.

  • Тазоҳурот пас аз эълони пирӯзии Лукашенко дар интихоботи президентӣ дар Минск
    Sputnik

    Кормандони мақомоти қудратӣ тазоҳургарро боздошт мекунанд.

Барчаспҳо:
акс, гузориш, тазоҳурот, Белоруссия