Город Вахдат. Архивное фото

Сокини Ваҳдат: садои тирпарронӣ ва таркишро шунидем

25
(Таҷдидшуда 11:26 04.09.2015)
ВКД хабар медиҳад, ки ҳуҷуми мусаллаҳона ба ШКД-и Ваҳдат бо сардории Зиёвиддин Абдуллоев сурат гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Муҳаммадносир, як сокини шаҳри Ваҳдат дар суҳбати телефонӣ бо Sputnik гуфт, субҳи 4 сентябр дар пайи тирпарронӣ дар ШКД-и ин шаҳр як таркиш ҳам рух додааст.

"Аз соати 3 он тараф дигар хоб нарафтем. Манзили мо дар наздикии Шуъбаи корҳои дохилӣ аст. Тирпарронӣ каме давом кард ва як таркиш рух дод ва бо ҳамин садои тирпарронӣ ҳам қатъ гардид", — афзуд ин сокини Ваҳдат.

Ҳоло ҷасади кушташудаҳо дар ду мошини ёрии таъҷилӣ аз ШКД бароварда шудааст. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, теъдоди кушташудаҳо барои сокинон дақиқ нест. Вале мардум аз ин ҳодиса дар таҳлука афтодаанд.

Бино бар иттилои ВКД, субҳи 4 сентябр як гуруҳи мусаллаҳ бо сардории Зиёвиддин Абдуллоев ба Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳуҷум карданд, ки "аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зада гардонида шуд".

"Дар натиҷа, Зиёвиддин Абдуллоев ва як ҳаммаслакаш нобуд карда шуда, се нафари дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд", — омадааст дар хабари ВКД.

Ҳамзамон, расонаҳо аз як ҳамлаи дигар дар маҳаллаи "гардиши фурудгоҳи Душанбе" хабар медиҳад, ки дар пайи он 2 нафар корманди ОМОН ва як нозири роҳ кушта шудааст. Мақомот ин ҳаводисро таҳқиқ доранд.

25
Барчаспҳо:
милиса, таркиш, сокинон, тирпарронӣ, ШКД-и Ваҳдат, ВКД, Ваҳдат
Мавзуҳо:
Балвои генерал: аз Душанбе то Ромит (22)
Кадр из видеоролика, в котором Гулмурод Халимов заявил о присоединении к ИГ, архивное фото

Гулмурод зинда ё мурда? СММ ӯро ба рӯйхати афроди таҳти таҳрим шомил кард

325
(Таҷдидшуда 16:07 22.10.2020)
Қаблан Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилаи Тоҷикистон низ гуфта буд, ки то ҷасади Гулмурод Ҳалимовро набинад ба марги ӯ боварӣ ҳосил намекунад

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Дар пасманзари сару садоҳо дар мавриди фавти Гулмурод Ҳалимов собиқ фармондеҳи ОМОН - и ВУД Тоҷкистон, ки фирорӣ шуда буд, СММ ӯро ба феҳрасти афроди таҳти таҳрим қарор дошта, шомил намуд, хабар медиҳад "Парс тудей".

Ба иттилои манбаъ, дар рӯйхати мазкур ҳар шаш моҳ номи афроде, ки мутаалиқ ба шабакаи Алқоида ва ё гурӯҳи террористии ДОИШ мебошанд, нашр мешавад. Ин навбат ҳам дар мобайни номҳои афроди таҳти таҳрим қароргирифта, исми Гулмурод Ҳалимов низ зикр шудааст.

Бояд гуфт, генерал Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилаи Тоҷикистон то кунун чанд бор эълом кардааст, ки дар расонаҳо борҳо хабарҳое аз кушта шудани Ҳалимовро мушоҳида карда вале то замоне, ки ҷасади ӯро ба чашми хеш набинад, марги Ҳалимовро бовар нахоҳад кард.

Ҳалимов ҳамоно дар сархати афроди таҳти пайгарди ВУД Тоҷикистон

Раҳимзода чанде моҳ қабл зимни нишасти хабарӣ гуфт, иттилоъ дарёфт намуданд, ки Ҳалимов дар пайи як амалиёти махсус кушта шудааст. Вазир афзуд, дар мавриди Ҳумайро Мирова, собиқ корманди Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ҳамсари Ҳалимов, ки баъдан бо ӯ пайваст, феълан иттилое рӯи даст надоранд.

Вазорати мудофиаи Русия моҳи сентябри соли 2017 хабар дода буд, ки дар шаҳри Дайруззори Сурия дар натиҷаи ҳамлаҳои қувваҳои ҳавоии Русия собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВУД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов кушта шуд.

Гулмурод Ҳалимов сарҳангу фармондеҳи пешини нерӯҳои таъиноти махсуси ВУД Тоҷикистон буд, ки соли 2015 аз Тоҷикистон фирор карду ба гурӯҳи тундрави ДОИШ пайваст. Пас аз он ки вай дар паёме видеоӣ пайвастанаш ба ДОИШ-ро эълом кард.

325
Пожилая женщина

Марги мармузи пиразани 69 - сола дар Душанбе: танҳо зиндагӣ мекард

646
Чун дари пиразан чанд рӯз боз маҳкам буд, ҳамсояҳои ӯ ба дафтари КҲФ тамос гирифта, дархост намуданд, ки имдодгарон омада дари бастаи зани 69 - соларо боз кунанд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз дарёфт шудани ҷасади зани 69 - сола дар манзили зисташ, хабар медиҳад.

Талафоти бузург дар фурудгоҳи Хуҷанд: Абдумалик Ҳафизов, муовини сартабиб даргузашт

Ба иттилои котиботи кумитаи мазкур, ҳамсояҳои кампири 69 - солаи рус ба идораи КҲФ тамос гирифта, изҳор доштанд, ки дари ҳамсояи пирашон чанд рӯз боз маҳкам аст.

"Ҳамсояҳо аз он бим доштанд, ки пиразан шояд мариз шуда бошад. Ӯ танҳо ба сар мебурд", - таъкид мешавад дар хабар.

Зимнан, наҷотбахшон ба маҳалли ҳодиса, кӯчаи Деҳоти 58 ҳозир шуда, дари пиразани танҳоро тавонистанд кушоянд. Аммо, аснои ворид шудан ба хонаи ӯ, ҷисми беҷонашро дар рӯи кати хоб пайдо намуданд.

Манбаъ меафзояд, иллати марги пиразан номаълум буда, наҷотбахшон ҷасадашро барои дақиқ намудани сабаби фавт, ба мақомоти марбута таслим намуданд.

646
Барчаспҳо:
ҳалок, пиразан, Душанбе
(1:15 / 8.75Mb / просмотров видео: 125)

Боздошти зодаи Осиёи Марказӣ: дар Маскав теракт омода мекард - видео

0
ФСБ навори боздошти зодаи Осиёи Марказиро, ки қасд доштааст дар Маскав теракт омода кунад, нашр кард

Ҷавон аз осиёи Марказӣ, ки "дар яке аз биноҳои ҳукумати Маскав қасди амалӣ кардани ҳамлаи террористиро доштааст", рӯзи 22 октябр дастгир шуд.

Бино бар хабари расмӣ, гумонбаршаванда бо фарони ҷангҷӯён нақша доштааст, бо гузоштани бомб яке аз биноҳио ҳукуматиро тарконад.

Таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт

Аз навор дида мешавад, ки ҷавон дар ҷангал боздошт шудааст. Дар махфигоҳи ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгоҳҳои худсохти тарканда пайдо кардаанд.

Дар баробари ин гуфтугӯи ӯ бо ҷангҷӯён ва дастур барои омода кардани бомб ва навори савгандёдкунии гумонбар ба пешвои ҷангҷӯён дарёфт шудааст.

Қайд мешавад, ки ҷавон соли 1999 ба дунё омадааст. Пас аз таркиш дар Маскав ӯ нақша доштааст ба Ховари Миёна бозгардад ва дар сафи террористон биҷангад.

0
Барчаспҳо:
боздошт, Маскав