Дарёи Вахш. Акс аз бойгонӣ

Қасди худкушӣ: наҷоти модар ва ҳалокати 3 кӯдак дар Вахш

42
(Таҷдидшуда 21:59 12.10.2015)
Модар дар ҳолати беҳушӣ, ҷасади беҷони се тифли вай – Алишери 4−сола, Садбарги 2−сола ва Сумайяи 6 − моҳа аз дарё берун оварда ба хок супурда шудааст.

ДУШАНБЕ, 25 сен- Sputnik. Саломат Пирова, як модари ҷавон аз шаҳрак Кирови ноҳияи Вахш бо се тифлаш худро ба дарё андохтааст, ки дар натиҷа худи ӯ наҷот ёфта, фарзандонаш ба ҳалокат расидаанд, гуфт муовини раиси ин шаҳрак Ёрмаҳмад Асоев дар суҳбат бо Sputnik.

Ин қазия 21 сентябри соли равон рух додааст. Ба қавли ҷаноби Асоев, модари ҷавон феълан дар беморхонаи касалиҳои руҳии вилояти Хатлон дар ҳолати беҳушӣ бистарӣ аст.

"Ин ҷавонзан қаблан низ мушкили равонӣ доштааст", — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Муовини раиси шаҳраки Киров тасдиқ кард, ки се тифли ин зан — Алишери 4-сола, Садбарги 2-сола ва Сумайяи 6-моҳа дар дарё ғарқ шудаву ба ҳалокат расидаанд.

"Тифлон аз дарё берун оварда шуд ҷасадҳояшон ба хок супорида шуд", — афзуд Асоев.

Ин дуюмин ҳодиса тайи се моҳи охир дар Тоҷикистон аст, ки модар бо қасди худкушӣ бо се тифлаш худро ба дарё меандозаду худ зинда ва ҷасади беҷони тифлонаш аз об берун карда мешавад. 8 июли соли равон Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвон барои қасос аз шавҳар бо се кӯдакаш худро дар шаҳри Душанбе ба канали "Ҳисор" партофта буд, ки дар натиҷа худаш ҷон ба саломат бурд, вале фарзандонаш — Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвуддини 7-сола ҳалок гардиданд.

42
Барчаспҳо:
беморӣ, дарё, марги 3 тифл, худкушӣ, Саломат Пирова, Ёрмаҳмад Асоев, Вахш
Букет гвоздик в руке, архивное фото

Ли Ҳонг Хи, мудири ширкати ҷаҳонии Samsung даргузашт

200
(Таҷдидшуда 10:56 25.10.2020)
Соҳибкори бузурги Кореяи Ҷанубӣ, роҳбари консерни Samsung Ли Ҳонг Хи, дар синни 79-солагӣ дар Сеул вафот мекунад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Роҳбари Samsung Ли Ҳонг Хи 25 октябр дар беморхонаи Сеул дар синни 79-солагӣ даргузашт.

Вориси ин соҳибкор писари ӯ Ли Ҷэ Ён мебошад, ки додситонии Кореяи Ҷанубӣ дар қаллобӣ гумонбар медрнд.

Дар бораи марги соҳибкори маъруф хабаргузории “Ренхап”  хабар додааст.

Сабаби марг мушаххас нашудааст.

Samsung Group соли 1938 аз ҷониби падари Ли Ҳон Хи, Ли Бён Чхол таъсис дода шудааст. Пас аз марги ӯ, корпоратсия ба фарзандонаш мерос монд ва Ли Ҳонг Хи (писари сеюм) роҳбари Шӯрои директорон шуд.

Таҳти роҳбарии ӯ, ширкат аз як истеҳсолкунандаи хурди Корея ба як корпоратсияи бузурги байналмилалӣ табдил ёфт.

Соли 2014 Ли Ҳонг Хи сактаи қалбро аз сар гузаронд, пас аз он, назорати корпоратсия ба писараш ва ноиби президенти ширкати фаръии ин гурӯҳ, Samsung Electronics Ли Ҷэ Янг гузашт, ки боварӣ дорад, ворис аст.

Дар гузориши хабаргузории Кореяи Ҷанубӣ гуфта мешавад, ки додситонӣ Ли Ҷэ Янгро ба ин далел гумонбар мекунад, ки дар ҷараёни ба даст овардани қудрат дар консерн, Ли Ҷэ Янг дар тақаллуби ғайриқонунӣ дар якҷояшавии ширкатҳои корпоратсия бо мақсади ба даст овардани назорат аз болои Samsung Group ширкат кардааст.

200
Генеральный директор Ассоциации Аэропорт Виктор Горбачев

Горбачёв дар бораи омодагии фурудгоҳҳои Тоҷикистон барои барқарории парвозҳо гуфт

468
(Таҷдидшуда 23:48 24.10.2020)
Пас аз кушодани сарҳадҳо, ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳои ИДМ-ро аз сар гирифтан мумкин аст, гуфт директори генералии Ассотсиатсияи "Фурудгоҳ" Виктор Горбачёв

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи азсаргирии парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе ба созиш расиданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, нахустин парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзи 28 октябр сурат мегирад.

"Ҳоло муҳим аст, ки парвозҳо ҳадди аққал ба ҳамсоягон ва Русия дубора аз сар гирифта  шаванд, дар он сурат барқарорсозӣ хоҳад шуд",- гуфт Горбачёв ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, авлавияти аввалин кушодани марзҳост. Вақте ки табибон марзро боз мекунанд, он гоҳ муҳокимаи барқарор кардани парвозҳо оғоз мешавад, таъкид кард ӯ.

Ба андешаи ӯ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд дубора парвозҳоро дар тӯли як ҳафта омода кунанд, дар ин давра нуқтаҳои санҷиши иловагӣ кушода мешаванд, вагарна онҳое, ки меоянд, пас аз расидан бояд карантинии дуҳафтаинаро гузаранд.

Ҳама фурудгоҳҳои ИДМ пас аз иҷозаи тиббӣ пас аз як ҳафта омода мешаванд.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Вай инчунин қайд кард, ки ҳамаи фурудгоҳҳои Русия, ки парвозҳо ба хориҷ аз он анҷом дода мешаванд, бо ҳама чизҳои зарурӣ барои ташхисҳои экспресс таъмин мебошанд, ки натиҷаро дар як соат медиҳанд.

468
Барчаспҳо:
фурудгоҳҳо, парвозҳо, Русия, Тоҷикистон
Японские граждане в масках

Олимони Ҷопон нишон доданд, ки коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад - навор

103
(Таҷдидшуда 15:41 25.10.2020)
Олимони Ҷопон нишон доданд, ки дар сурати напӯшидани ниқоби тиббӣ, коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад ва одамони солимро сироят мекунад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ниқоби тиббӣ муассиртарин "силоҳ" барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус мебошад. Инро бори дигар олимони ҷопонӣ собит намуданд.

Онҳо зимни як таҳқиқот муайян намуданд, ки нафари мубтало бо коронавирус, дар сурати напӯшидани ниқоби тиббӣ чӣ гуна вирусро паҳн мекунад. Вирус аснои сӯҳбат кардан ва ё суруд хондану сулфидан, зуд ба атроф паҳн мешавад.

Чун паҳншавии ин вирус бо чашм ноайн аст, аз ин рӯ аксар одамон пӯшидани ниқоби тиббиро, роҳи ҳалли пешгирӣ аз ин дард намебинанд. Онҳо бехабар аз онанд, ки вирус дар сурати напӯшидани ниқоб, бо чӣ гуна суръат паҳн мешавад.

Як фавт ва 40 маризи нав: омори коронавирус дар Тоҷикистон барои имрӯз

Бо мақсади ба таври равшан нишон додани шиддати паҳншавии COVID-19, олимони Ҷопон рӯ оварданд ба технологияҳои навин. Барои ин, муҳаққиқон ба имкониятҳои суперкомпютери Fugaku, ки намоиши ҳаракати зарраҳои вирусиро дар лаҳзаи сухан гуфтан, суруд хондан ва ё сулфа кардани одам нишон медиҳад, рӯ оварданд.

"Агар мо нишон диҳем, ки чӣ гуна вирус метавонад паҳн шавад ва онро бо тамоми ҷаҳон мубодила кунем, пас шояд одамон ҷиддияти таҳдидро мустақилона тасаввур кунанд ва аз нуқтаи назари илмӣ андешанд, ки чӣ гуна чораҳо пешгирикунандаро андешид", - гуфт роҳбари гурӯҳи тадқиқотӣ, профессор Kobe University & RIKEN Макото Субокуро.

Гузашта аз ин, олимон риоя кардани фосилаи иҷтимоиро низ зарур медонанд. Ба изҳори онҳо, вирус аснои суҳбат ва сулфа кардан, дар сурати риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ ба замин меафтад ва қобилияти аз замин боло шуданро надорад.

103
Барчаспҳо:
навор, маризӣ, олимон, Ҷопон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон