Бистарӣ кардани захмиёни садама бо иштироки киштӣ дар соҳили Гонконг

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар соҳили Гонконг ба 124 расид

12
(Таҷдидшуда 13:48 26.10.2015)
Киштие, ки дар он беш аз 170 нафар ҳузур доштанд, дар роҳ аз Макао ба Гонконг ба садама дучор шудааст.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Шумори қурбониёни садама бо иштироки киштӣ шаби якшанбе дар соҳили Гонконг ба 124 нафар расид, — хабар медиҳад, РИА Новости бо истинод ба радиои маҳаллии RTHK.

Ин ҳодиса шоми якшанбе, тақрибан соатҳои 19:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Дар дохили ин киштӣ бар иловаи 11 нафар кормандаш 163 мусофири дигар ҳам ҳузур доштааст ва киштӣ дар роҳ аз Макао ба Гонконг ба объекти зериобие бархурдааст.

Қаблан шумори ҳалокшудагон 100 нафар гуфта мешуд.

Тибқи иттилои ахир, 50 мусофири ин киштӣ ҳанӯз ҳам дар беморхона қарор дошта, вазъи саломатии 5 нафарашон вахим арзёбӣ мешавад ва инчунин 6 тани дигар низ дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Таҳқиқи омилҳои садама идома дорад.

12
Барчаспҳо:
шумор, бархурдан, садама, киштӣ, соҳил, қурбонӣ, теъдод, садама бо иштироки киштӣ, Макао, Гонконг
Арест, архивное фото

Боздошти силоҳфурӯш ҳангоми амалиёти корд дар Душанбе

39
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 25-сола, ки ба фурӯши силоҳи сард дар Душанбе машғул будааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи шаҳри Душанбе зимни баргузории амалиёти шартии “Корд” сокини  кӯчаи Наврӯзи пойтахт Слезен Дидор Сорбоновичи 25-соларо, ки  ба хотири ба даст овардани маблағ ба фурӯши силоҳи сард, аз ҷумла корд машғул будааст, дастгир карданд. 

Тибқи иттилои манбаъ, дастгиршуда паҳнкунандаи ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайян шуда, онҳоро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, ба фурӯш мегузоштааст. 

Гуфта шудааст, ки ҳангоми як амалиёт аз ин ҷавони 25 сола миқдори зиёди силоҳи сард истифдашванда, аз ҷумла, 2 адад дастчӯби оҳанин (дубинка), 2 адад электрошокер ва 23 адад кордҳои махсус (финка) дарёфту мусодира карда шуданд.

ВУД Тоҷикистон қайд намудааст, ки мувофиқи моддаи 9-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи силоҳ”  дар қаламрави Тоҷикистон фурӯши силоҳи сард манъ мебошад.

Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбат ба  шаҳрванд Слезан Дидор  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  бо қарори  Суд ба номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

39
Барчаспҳо:
корд, амалиёт, Душанбе, силоҳ, боздошт, Тоҷикистон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти Шоира Бузурукова, вакил ва сартабиби таваллудхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд

1029
Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд санаи 4 июли соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар бораи марги табиб Назира Ғаффорӣ дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ додааст.

Баҳодурхон Раҳматов, донишноманигори шинохтаи тоҷик
Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик
“4 июли соли 2020 дили яке аз инсонҳои наҷиб, табиби ҳозиқ, вориси арзандаи Сино, бонуи оқилу бафазилат, номзади илмҳои тиб, роҳбари кордону ташаббускор, ташкилотчии моҳир, зани соҳибмаърифату соҳибикром, матиниродаву накӯкор, зиндагидӯсту зебопараст, ҳалиму меҳрубон, хушсухану хушодоб, модари мушфиқу ғамхор Бузурукова Шоирахон Камоловна аз тапиш бозмонд”,-навиштааст хонум Ғаффорӣ.

Ба навиштаи ӯ, Шоирахон Камоловна барои рушди соҳаи тандурустӣ дар вилоят, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ҳамчун вакили мардумӣ дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд дар ҳалли бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, хосатан дар соҳаи тиб саҳми шоиста гузоштааст.

Аммо дар бораи аз чи беморӣ фавтидани табиб иттилоъ дода нашудааст.

Гуфта мешавад, Шоира Бузурукова, дар раёсати тандурустии вилояти Суғд кор кардаву муддатҳо  таваллудхонаи шаҳри Хуҷандро роҳбарӣ мекард.

Солҳои охир вай ба ҳайси сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд  ва ҳамзамон вакили мардумӣ дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд буд.

1029