Суқути Су-24-и Русия дар Сурия

© Sputnik / Скрынников / Гузариш ба медиабонкЗарбазани Су-24. Акс аз бойгонӣ
Зарбазани Су-24. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, сарнишинони ҳавопаймо наҷот ёфтаанд.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои низомии Су-24-и Русия дар Сурия суқут кардааст, ки эҳтимол дорад, аз замин мавриди ҳадаф қарор гирифта бошад, иттилоъ медиҳад Вазорати дифои ин кишвар.

ВАО: ҳавопаймои низомие дар марзи Сурия бо Туркия суқут кардааст

"Имрӯз эҳтимолан дар қаламрави ҷумҳурии арабии Сурия дар пайи тирборон шудан аз замин ҳавопаймои Су-24-и нерӯи ҳавоии Русия сарозер шудааст", гуфтаанд масъулини Вазорати дифои Русия.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймо дар баландии 6 ҳазор метр қарор доштааст. Ҳоло тақдири халабонҳои он муайян мешавад. Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, сарнишинони ҳавопаймо наҷот ёфтаанд.

Инчунин фарзияи суқути ин ҳавопаймои Русия мавриди омӯзиш қарор дорад. Масъулини Вазорати дифоъ мегӯянд, ҳавопаймо дар тамоми лаҳзаҳои парвози худ дар хоки ҳудуди Сурия қарор доштааст ва ин тавассути дастгоҳои махсус сабт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0