Коргардони филм Элдар Рязанов

Даргузашти Элдар Рязанов- муаллифи “Танзи сарнавишт...”

17
(Таҷдидшуда 08:59 30.11.2015)
Тайи чанд соли ахир коргардони саршиноси шӯравӣ ва Русия зуд-зуд ба беморхона мунтақил мешуд. Дар бораи фавти ӯ наберааш Элдар Трояновский ба расонаҳо хабар дод.

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Таҳиягари маъруфи филмҳои шӯравӣ ва русӣ Элдар Рязанов дар синни 89-солагӣ дар Маскав аз дунё даргузашт, гуфт субҳи рӯзи душанбе наберааш Дмитрий Трояновский.

"Ӯ дунёро падруд гуфт",- иброз дошт Трояновский.

Чанде қабл вазъи саломатии Элдар Рязанов вазнин гардида, ба яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав интиқол ёфта буд.

Рязанов қаблан моҳҳои сентябру октябри соли равон дар беморхӯонаи ба номи Бакулов табобат гирифта буд.

Элдар Рязанов коргардони саршиноси шӯравӣ ва рус, филмноманавис, омӯзгор, нависанда, шоир, драматург ва ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.

Филмҳои маъруфи ӯ аз қабили "Мӯсафедони роҳзан" (Старики-разбойники), "Моҷарои боварнакардании итолиёиҳо дар Сурия" (Невероятные приключения итальянцев в России) "Танзи сарнавишт ё Офият бошад!" (Ирония судьбы, или С легким паром) ва "Ишқи хидматӣ" (Служебний роман) миёни тамошобинон аз маҳбубияти хосса бархурдоранд.

 

 

17
Барчаспҳо:
таҳиягар фавтид, коргардони маъруф аз олам чашм пӯшид, даргузашти Рязанов, "Танзи сарнавишт ё Офият бошад!", "Ишқи хидматӣ", филми "Мӯсафедони роҳзан", беморхонаи ба номи Бакулов, Дмитрий Трояновский, Элдар Рязанов, Русия, Маскав
Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото

Радди тирпаронӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар марз бо Қирғизистон: 11 тир хоби касеро напаронд?

382
(Таҷдидшуда 15:44 02.06.2020)
Ҷониби Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандонашро дар тирпаронӣ дар марз бо Қирғизистон, ки имрӯз расонаҳои қирғизӣ аз он хабар доданд, рад кард

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, иттилои расонаҳои Қирғизистон дар бораи тирпаронӣ аз ҷониби Тоҷикистонро шубҳаовар хонда, даст доштани атбои тоҷикро рад намуд.

“Чониби Тоҷикистон алоқамандии шаҳрвандони худро ба ҳодисаи мазкур комилан рад мекунад, зеро маҳалли рухдоди ҳодиса, ки хабарнигорони қирғиз номбар мекунанд, дар ҳудуди маҳалли зисти шаҳрвандони Қирғизистон ба амал омадааст ва дар ин нимашаб сокинони маҳалҳои наздисарҳадии Тоҷикистон хоб буданду истироҳат доштанд”, - изҳор дошт Илёсзода дар саҳифаи фейсбукияш.

Ӯ илова кард, ки  теъдоди яроқҳои шикорӣ дар байни сокинони кишвари ҳамсоя зиёд аст, дар муқоиса бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шумори шикорчиёнаш хеле кам буда, онҳо дар асл талаботи қонунҳои амалкунандаро қатъӣ ва ҷиддӣ риоя мекунанд.

Ба навиштаи Илёсзода, субҳи 2 июни соли 2020 расонаҳои Қирғизистон аз рӯйдоди гӯиё як ҳодисаи типарронӣ дар марз, дар маҳаллаи аҳолнишини Кӯк-Тоши ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳаммарз бо деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъи яктарафа ва шубҳаангезеро пахшу паҳн намуданд.

Бино ба иттилои расонаҳои Қирғизистон, “шаби 1 ба 2 июни соли 2020 сокини қишлоқи Тогуз-Булаки ноҳияи Лаккон Б.Бостонбек, соли таваллудаш 1982, дар автомобили тамғаи “Хендай Портер» дар самти Ош-Исфана ҳаракат дошт ва тахминан соати 01:30 (бо вақти Бишкек) дар маҳаллаи Эки-Таши қисмати роҳи Ош—Баткен—Исфана шахсони номаълум ба сӯи оинаи пеши мошини ӯ, ба гумони ғолиб аз яроқи шикорӣ тир кушодаанд.

Баъд аз рухдоди ҳодиса дар шишаи оинаи пеши мошин сурохии 11 тирро ҳисоб кардаанд”.

Иқбол Илёсзода навиштааст, шубҳаовар он аст, ки вақте аз милтиқи шикорӣ 11 тир мекушоянд, аҳолии маҳалҳои наздисарҳадӣ дар хоб будаанд ва шоҳиде ҳам набудааст.

382
Барчаспҳо:
тирпаронӣ, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан

Вазир дар бораи як моҳи мубориза бо COVID-19 ва омори маргумир : “худро намебахшам”

598
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, вазъи коронавирус дар кишвар таҳти назорат буда, тибқи оморҳо он майли коҳишёбӣ дорад

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Номбурда ин нуктаро зимни суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳор карда, гуфтааст, бо назардошти корҳои муҳими ташкилию безараргардонӣ барои пешгирии ин беморӣ мо дар маҷмӯъ, тавонистем вазъиятро таҳти назорат дошта бошем. Дар акси ҳол роҳандозии карантин дар кишвар ногузир мешуд.

Ӯ гуфтааст,  агар миқдори зиёдтарини сироят - 210 нафар рӯзи 21 май ба қайд гирифта шуда бошад, аз он рӯз гирифторӣ пайваста кам шуда, то 123 нафар поин омад, ки ин тамоюли умедворкунанда аст. Яъне тамоюли устувор.

Вазири тандурустӣ дар бораи омори маргумир ва табобаи аз ин беморӣ гуфтааст,  дар манзари фоҷиаи дигар кишварҳо, ки даҳҳою садҳо ҳазор шаҳрвандонашон қурбону гирифтори ин вабо мегарданд, рақамҳои мо ба назар намоён нестанд. Тавре шумо дуруст қайд кардед, воқеан ҳам,

“Фавт аз ин маризӣ торафт кам мешавад. Лекин шахсан ман худро намебахшам, ки аз 3930 гирифторшуда мо 47 нафарро наҷот дода натавонистем, ҳарчанд муборизаи шадид барои ҳаёти ҳар як бемор мекунем. Ҳамон вақте ки дар муқобили сатҳи фавт рақами сифр сабт шуд, танҳо ҳамон вақт ман кори худро ҳамчун вазир мусбат ҳисоб мекунам”,-гуфтааст Абдуллозода.

Абдуллозода ҳамчунин дар посух ба танқидҳо ки чаро кишвар қарантина ҷорӣ накард,  гуфтааст: “Тоҷикистон роҳи карантини нармро пеш гирифт. Яъне, маҳдудсозии интихобӣ ва ҳудудӣ. Ва такя ба фарҳангу фаросати халқи шарифи тоҷик. Ҳоло бинед, дар кӯча аксарият ниқоб мепӯшанд, гаштугузор дар кӯчаҳо хеле кам шудааст. Дастшӯӣ бо собун ё антисептик барои хурду бузург кори муқаррарӣ шуд. Ана ҳамин аз эҳтиёт кор гирифтани мардум беҳтарин ёрӣ ба табибон аст. Чунки шумораи сироят зиёд намешавад”.

Номбурда ҳамчунин гуфтааст, имрӯз барои табобати гирифторони ин беморӣ ҳама шароитҳо мавҷуданд ва дорувориҳо низ ҳаст,  ки новобаста аз минтақа дар пайи дархости беморхонаҳо дастрас мегардад.

Ба таъкиди вазири тандурустӣ,  пандемия нишон дод, ки ҳеҷ набошад, дар марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳои калонтарин ташхисгоҳҳо дошта бошем, то дар мавриди зарурат, ки ҳисоб метавонад ба соату дақиқа равад, имконияти  гузарондани тестҳои на танҳо фаврӣ, балки оммавӣ дошта бошем.

“Яке аз муҳимтарин вазифае, ки назди вазорат истодааст, ҳалли ҳамин масъала аст”,-гуфтааст ӯ.
598
Барчаспҳо:
Ҷамолиддин Абдуллоев, табобат, омор, марг, вирус, Вазорати тандурустии ҶТ, Тоҷикистон
Дедушка в маске в городе Душанбе

Нигаронии Азимӣ аз бепарвоии бархе сокинон дар Суғд

0
Зайнура Азимӣ, муовини раиси Суғд бо сокинони маҳаллаҳои Суғдиён, Сайҳун, Дӯстии халқҳо ва Навбаҳори шаҳри Хуҷанд вобаста ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Азимӣ дар мулоқот таъкид кардааст, ки кам шудани шиддати беморӣ дар шаҳри Хуҷанд бархе сокинонро хушҳол намуда, бидуни зарурият ва бе ниқоби гигиенӣ ба кӯча баромада истодаанд.

“Ҳамчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бахусус бозорҳо ба чашм расидани ҷамъшавии одамон, ки омили асосии сироятёбӣ маҳсуб мешавад, дар вазъияти имрӯза хатарнок мебошад. Масъулини шаҳрро зарур аст, ки ҷиҳати корандозии маъракаҳои фаҳмонидадиҳӣ фаъол бошанд. Қайд гардид, ки ба марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд оид ба гардиши хона ба хона ва ёрии амалӣ расонидан вобаста шудаанд”, - хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзудааст, ки тамоми имконият ва иқтидорҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ сафарбар карда шудааст.

Духтурон бо корҷома ва дигар маводи беҳдоштӣ таъмин гардида, дар беморхонаҳо се маҳал хӯроки гарм ташкил шудааст. Тамоми дорухонаҳо бо доруҳои зарурӣ таъмин мебошанд”, - таъкид шудаст матлаб.

Азимӣ дар анҷоми мулоқот аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ​ худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоянд.

0