Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ

Муҳаққиқи “Шашмақом” пас аз садама даргузашт

11
(Таҷдидшуда 10:21 29.12.2015)
Пас аз чанд рӯзи беҳушӣ дар беморхона профессор Ҳакимов аз дунё даргузашт.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Муҳаққиқи таърихи "Шашмақом" ва мусиқиву ҳунарҳои миллии тоҷикӣ Наим Ҳакимов дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб сахт захмӣ шуда, шаби гузашта ба ҳалокат расид, иттилоъ дод яке аз пайвандони марҳум ба Sputnik.

Оқои Ҳакимов ҳамагӣ 61 сол дошт ва ба қавли наздиконаш рӯзи 22 декабар ба садама дучор гардида, тӯли шаш рӯ дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ буд.

Профессор Ҳакимов солҳои охир дар факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ҳайси мудири кафедра кор мекард ва ҳамзамон раҳбарии "Маркази фарҳангиву маърифатии Суғд"-ро бар ӯҳда дошт.

Ин марказ барои эҳё ва рушди ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, баргузории маҳфилу чорбиниҳо, нашри китобҳо дар бораи мусиқиву ҳунарҳои мардумӣ хидмат мекард. Китобҳо дар бораи таърихи мусиқи миллии тоҷикии "Шашмақом"ва сурудҳои халқӣ дар чандин ҷилд аз осори мондагори Наим Ҳакимов мебошанд.

11
Барчаспҳо:
ҷароҳат, садама, муҳаққиқи "Шашмақом" даргузашт, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Наим Ҳакимов, Варзоб, Суғд, Тоҷикистон
Мавзуъ
Даргузашти Бурҳон Раҳмон дар синни 81-солагӣ