Гул. Акс аз бойгонӣ

Даргузашти Акбар Ҷураев дар синни 80-солагӣ

22
(Таҷдидшуда 11:06 30.12.2015)
Акбар Ҷураев кор дар Кумитаи радио ва телевизионро аз даврони донишҷӯияш оғоз карда, то симмати муовинии раҳбари ин ниҳод расидааст.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Яке аз асосгузорони телевизиони тоҷик Акбар Ҷураев субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе аз олам даргузаштааст, иттилоъ медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ дар такя ба суханони пайвандони марҳум.

Маросими ба хоксупории собиқ муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки дар синни 80-солагӣ олами фониро падруд гуфт, зуҳри имрӯз дар пойтахт баргузор мешавад.

Ҷаноби Ҷураев кор дар Кумитаи радио ва телевизионро аз даврони донишҷӯияш оғоз карда, то симмати муовинии раҳбари ин ниҳод расидааст.

Ӯ ягона нафарест, ки се бор ба ҳайси муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони кишвар таъйин шудааст.

"Тавассути телевизион ман бо мардуми худу ҳаёти онҳо ошно шудам. Ҳамроҳ бо ҳамсолони худ гуфта метавонем, ки мо дар солҳои 60-ум телевизиони тоҷикро таъсис додем ва он моро!", — гуфта буд Ҷураев он замон дар як суҳбаташ бо рӯзноманигорон.

22
Барчаспҳо:
донишҷӯӣ, асосгузор, кор, корманд, даргузашт, Кумитаи радио ва телевизион, Акбар Ҷураев, Душанбе, Тоҷикистон
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе

Аз боздошти ронандаҳои маст то афзоиши садамаҳои ҳалокатовар дар Суғд

147
(Таҷдидшуда 17:18 03.08.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд омори қоидавайронкунии ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандаҳои маст ва шумори садамаҳои ҳалокатбор дар роҳ давоми шаш моҳи охирро шарҳ дод

ДУШАНЕБ, 23 авг – Sputnik. Бино ба оморе, ки дафтари матбуоти РВКД вилояти Суғд дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 ҳолати рондани воситани нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор шудааст.

“Аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ аз ҷумла идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ 301, идораи воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ 227, идораи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ бидуни иҷозат 182, идораи воситаи нақлиёт бо аломати қайди давлатии бегона 47 ҳолат ошкор карда шуда, дар умум ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 9 милиону 17 ҳазору 750 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи РВКД.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ин давра аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ 183 ҳазору 833 ҳолати қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ин рақам ҳарчанд дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ ба андозаи 26, 3 ҳазор ё 12, 5 % кам аст, вале рухдоди садамаҳои ҳалокатовар ба 40 маврид ё 5, 3 % ва шумори шахсони ҳалокшуда ба 58 нафар расидааст, ки ин ба андозаи 20, 8 % зиёд шудааст.

Нимашаб маст аз тарабхона баромаданд: ҳабс ва ҷаримаи 4 духтар барои дашному занозанӣ

РВКД дар Суғд мегуяд, садамаҳои ҳалокатовар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Шаҳристон бештар қайд гирифта шудааст.

147

Садамаи мудҳиш дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд": мард бо чор фарзанд ва занаш ба ҷарӣ чаппа шуд

2354
Дар натиҷаи садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи байни пойтахт ва шимоли Тоҷикистон марди 40-сола ва тифли худсоли тақрибан 1-солааш ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш дод, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ як худрави ҳомили шаш нафар, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, ба ҷарии ҳудудан 200-метра сарозер шуд.

Дар натиҷа ронандаи автомобил, падари хонавода ва тифли тақрибан яксолааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи 1 август дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, дар ҷамоати деҳоти Айнӣ рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Ашуров Абдуалим Рустамович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ,  аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 150-200 метр фаромада, чаппа шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа ронанда Ашуров А.Р ва фарзанди хурдсолаш, Ашурзода Иброҳим Абдуалим, соли таваллудаш 2019, аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, афзудааст манбаъ.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Инчунин, дигар мусофиронаш ҳамсараш, Холматова Саида Шамсидиновна, соли таваллудаш 1985, фарзандони ноболиғаш; Ашуров Исохон Абдуалимович, соли таваллудаш 2005, Ашурова Сумая Абдуалимовна, соли таваллудаш 2007, ва Ашурова Ҳалима Абдуалимовна, соли таваллудаш 2011, истиқоматкунадагони ҳамон ҷо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

2354
День 4 августа

Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:49 03.08.2020)
Рӯзи чоруми август дар ИМА – Рӯзи посбони соҳил, дар Украина –Рӯзи милитсияи миллӣ ва дар ҷазираҳои Кук – Рӯзи Конститутсия таҷлил мешавад

Рӯзи 4 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1777 дар Лондон нахустин Сирк дар ҷаҳон кушода шуд.

Соли 1870 дар Олмон аввалин мусобиқаи байналмилалии шоҳмот баргузор гардид.

Шахматы
© CC0 / Pixabay
Шахматы

Соли 1884 дар ИМА санги аввал барои бунёди пайкараи Озодӣ гузошта шуд.

© Sputnik / Алексей Филиппов
Города мира. Нью-Йорк

Соли 1942 дар Канада дар фурӯши чой ва қаҳва маҳдудият ҷорӣ карда шуд.

День 3 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1944 аввалин санҷиши ҳавопаймоҳои реактивии Англия — Gloster Meteor гузаронида шуд.

Соли 1963 Бонки рушди Африқо таъсис ёфтааст.

Соли 1976 дар Лондон аввалин мусобиқаи чирчирак миёни дастаҳои занона баргузор гардид.

Соли 1993 Парлумони Молдова оид ба ворид шудани ин кишвар ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳалнома қабул кард.

Рӯзи 4 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод 

Соли 1997 Маҷлиси олии Тоҷикистон қарор "Дар бораи авфи иштирокчиёни даргириҳои сиёсӣ ва низомӣ"-ро қабул кард.

Соли 2009 миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса Протокол оид ба сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо маблағи 27 миллион евро ба имзо расид.

 Новый терминал душанбинского аэропорта. Архивное фото
© Sputnik
Новый терминал душанбинского аэропорта. Архивное фото

Соли 2009 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиши байналмилалии «Рушди энергетикаи Афғонистон» баргузор гардид.

Соли 2011 дар шаҳри Истаравшан дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Оби Зулол» бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои ободонӣ ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, ҳамчунин бо корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 август

  • Дар ИМА – Рӯзи посбони соҳил.
  • Дар Украина –Рӯзи милитсияи миллӣ.
  • Дар ҷазираҳои Кук – Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 4 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Абдулазизова (Ҳаётова) Оиша (1921-2012) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бурҳониддин Баҳоваддинов (1953) – доктори илми тиб, профессор.

Андрей Волос (1955)- нависанда (зодаи Тоҷикистон).

Матлуба Ғаффорова (1954) – доктори илми тиб, профессор.

Мирзо Давлат (1953) – нависанда.

Ҷамшед Каримов (1940) –арбоби давлатӣ, доктори илми иқтисод, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Ҳотам Солеҳбоев (1910-1987)- арбоби давлатӣ.

Табибӣ (Қосимов Абдулҳаким) (1935)- шоир.

Самеъҷон Уроқов (1947) – карнайнавоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Евгений Фала (1913 – 1988) – сарояндаи оркестр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Рӯзи 4 август кӣ ба дунё омадааст

Барак Обама (1961)- 44-умин президенти ИМА.

Президент США Барак Обама
© Sputnik / Сергей Гунеев
Президент США Барак Обама
0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 31 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон