Кормандони хадамоти наҷотбахшӣ дар маҳалли ҳодиса дар баварияи Олмон

Расонаҳо: бархӯрди қаторҳо дар Баварияи Олмон, қурбониён ҳастанд

13
(Таҷдидшуда 16:41 09.02.2016)
Як қатор аз роҳ берун шуда, қатори дуввум ба боқимондаи он бархӯрдааст. Наҷотдиҳандагон дар маҳалли ҳодиса ба одамони зарардида кумак мерасонанд.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Бар асари бархӯрди ду қатор дар наздикии шаҳри Бад-Айблинг, воқеъ дар Баварияи Олмон ҳашт тан ба ҳалокат расида, 150 кас захм бардоштааст, иттилоъ медиҳанд намояндагони ВАО бо истинод ба пулиси Федеролии ҶФО.

Пулиси Олмон фавтидани чандин танро тасдиқ кардааст, аммо дар бораи шумори дақиқи онҳо маълумот надодааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳудуди 10 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Бархӯрди ду қатор соати 6:48 бо вақти маҳаллӣ сурат гирифта, аснои он чанд вагон аз роҳ берун шудааст.

Ба ҷои ҳодисаи наҷотдиҳандагон, кормандони хадамоти сӯхторнишонӣ, табибони ёрии таъҷилӣ аз минтақаҳои ҳамсоя ҳозир шудаанд. Ҳашт чархбол низ барои кӯмак ба маҳалли ҳодиса ҳозир шудаанд.   

13
Барчаспҳо:
қатор, бархӯрди ду қатор, ҷароҳатбардорӣ, сониҳаи қатор, ҳалокати одамон, садама, пулиси Федеролии ҶФО, Бад-Айблинг, Бавария, Олмон
Мавзуъ
Чархболи Ми-8 дар Краснодар суқут кард. Навор аз маҳалли ҳодиса
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ

Сипоси падари Баҳром Ғафурӣ ба ғамшарикони хонадонаш

136
Хонаводаи Бахром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, ба тамоми дӯстону азизоне, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ғамшарикӣ кардаанд, изҳори сипос кардааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Баҳром аввал ба шумо – миллати бошараф ва мухлисони азизаш, сипас ба хонаводаи мо тааллуқ дошт, омадааст дар изҳороти хонаводаи мотамзада.

“Аз замин то осмон аз якояки шумо миннатдорем. Худованд ҳамаи шуморо аз балову офатҳои заминиву осмонӣ нигаҳбон бошад!”, - дуо кардаанд аҳли байти сароянда.

Сипосномаро яке аз дӯстони хонавода, рӯзноманигор Фахриддини Холбек дар саҳифаи фейсбукияш аз номи падари хонадон - амаки Шамсиддин, бародарони Баҳром - Анвар, Музаффар, Вайсиддин, писаронаш – Анӯшервон ва Эҳсон ва бақияи аъзои хонаводаи Баҳром Ғафурӣ нашр кардааст.

Баҳром Ғафурӣ бар асари садамаи маргбор санаи 7-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00 ҷон дода буд.

Бино бар иттилои ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер-200”, рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдаааст. .

Ба иттилои мабаъ, дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки худи ронанда Анварзода ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

136
Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, овозхон, Тоҷикистон
Последствия разрушений после селевого потока в Пенджикенте

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз омадани сел дар ВМКБ

83
(Таҷдидшуда 12:53 12.08.2020)
Давоми чанд рӯзи оянда обшавии пиряхҳо метавонад боиси фаромадани сел дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, давоми се рӯзи оянда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкони омадани сел дар назар аст.

Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, чунин ҳодисаи табиӣ метавонад  дар минтақаҳои Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошим рух диҳад.

Манбаъ мегӯяд, гармии бефосилаи тобистон ва баланшавии ҳарорат сабаби обшавии пиряхҳо ва  омадани селро дар пай дошта бошад.

Хатарнок: КҲФ ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ ва истироҳатро нишонгузорӣ мекунад

КҲФ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар минтақаҳои кӯҳистон  ҳангоми чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва сайёҳӣ дар кӯҳҳо эҳтиёткор бошанд.

Офатҳои табиӣ ба вилояти Суғд зиёда аз 14 миллион сомонӣ хисорот овардааст

Ёдрас мешавем, ҳарорати баланди то 44 дараҷа сар моҳи май дар Тоҷикистон идома дорад.

 

83
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Гулназар Келдӣ зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронда шуд

0
(Таҷдидшуда 17:14 12.08.2020)
Вазъи саломатии Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бадтар шудааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Табибон дар пайи бадтар шудани вазъи Гулназар Келдӣ, ӯро ба дастоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кардаанд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

"Гулназар Келдӣ худро бадтар эҳсос кард ва табибон тасмими гирифтанд, ки ӯро зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронанд”, - изҳор дошт манбаъ.

Ахиран шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфта буд.

Худи шоир 11 август ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш салоҳ донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

0