Роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ

Бархӯрди қатори боркаш бо сабукрав боиси марги як нафар шуд

36
(Таҷдидшуда 12:44 15.02.2016)
Бетаваҷҷуҳии сарнишини сабукрави “Опел” дар хатти истгоҳи роҳи оҳан мунҷар ба марги як нафар гардида, ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфт.

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар натиҷаи бархӯрди қатори боркаш бо мошини сабукрав, як нафар ба ҳалокат расид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.

"14 феврал қатори боркаш бо мошини сабукрави тамғаи "Opel", ки ба сокини ноҳияи Рудакӣ таалуқ дошт  бархурд "- омадааст дар хабари сарчашма.

Дар дохили мошини хориҷӣ ду мусофир қарор доштанд, ки дар натиҷаи бархӯрд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ  бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд. Баъди чанде, яке аз мусофирон дар бемористон ба ҳалокат расид.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодиса 14 феврал дар хатти истгоҳи Роҳи оҳани Душанбе-Турсунзода, дар гузаргоҳи автомобилии километри 4654-ум рух додааст.

36
Барчаспҳо:
садама, ҳалокати як нафар, бархурди қатор бо мошин, роҳи оҳан, Рӯдакӣ, Ҳисор, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар ноҳияи Айнӣ бар асари садама 4 нафар ҷон бохтанд