Намуди дохилии лифти нав. Акс аз бойгонӣ

Ҳалокати як муҳоҷирзан аз Осиёи Марказӣ дар вилояти Маскав

17
(Таҷдидшуда 11:46 22.02.2016)
Мақомоти тафтишотии шаҳри Королёви вилояти Маскав ҳолатҳои ба ҳалокат расидани як шаҳрванди Ӯзбакистон ё Тоҷикистонро, ки дар лифти борбар ба вуқӯъ пайваст, меомӯзанд.

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Лифти борбар дар шаҳри Королёви вилояти Маскав болои сари як муҳоҷирзан, ки дар яке аз тарабхонаҳо ба ҳайси фаррош кор мекардааст,  афтода ва сари ӯро аз танаш ҷудо кардааст, иттилоъ медиҳад Кумитаи тафтишотӣ.

Ба иттилоъи расонаҳои Русия, эҳтимол ин зан шаҳрванди Тоҷикистон ё Ӯзбакистон буда, 39 сол доштааст. Ӯ талош кардааст, ки аз шахтаи лифт пакети партовро бигирад. Дар ин вақт лифт фаъол шуда, ба поён сарозер гардидааст ва сари ин фаррошро аз танаш ҷудо кардааст.

Ҳоло гурӯҳи бозрасон дар шаҳри Королеви вилояти Маскав иллати вуқӯъи ин ҳодисаро баррасӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, кормандони ин ниҳод барои муайян кардани шахсияти ин муҳоҷирзани фавтида ба маҳалли ҳодиса рафтаанд.

Тибқи фарзияҳои қаблӣ лифти борбар мушкилоти фаннӣ дошта ва ҳоло гурӯҳи тафтишгарон ин паҳлӯи масъаларо низ бозрасӣ доранд. 

17
Барчаспҳо:
лифт, ҳалокати як муҳоҷирзан, муҳоҷир, тафтишот, муҳоҷират, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, КТ ФР, Кумитаи тафтишотӣ, Королёв, вилояти Маскав, ФР
Мавзуъ
Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар Подмоскове ба ҳалокат расиданд
Гипермаркет Ашан в Душанбе, архивное фото

Сигоркашӣ дар ҳоҷатхонаи занона: сабаби сӯхтор дар Ашан маълум шуд

276
(Таҷдидшуда 19:52 07.07.2020)
Омили сар задани сӯхтор дар бузургтарин фурӯшгоҳи маркази пойтахт "Душанбе - Мол" маълум гардид. Маъмурияти фурӯшгоҳ мегӯяд, сигоре, ки дар ҳоҷатхонаи занона кашида шуд, вале пурра хомӯш нашуда буд, ба сӯхтор оварда расонд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сигоре, ки дар ҳоҷатхонаи занона пас аз дуд задан пурра хомӯш нашуда буд, ба оташсӯзӣ дар бузургтарин фурӯшгоҳи пойтахт "Душанбе - Мол" оварда расонд. Дар ин бора маъмурияти фурудгоҳ дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук хабар доданд.

"Сӯхтор ба иллати дар ҳоҷатхонаи занона дар ошёнаи сеюм хомӯш нагардидани сигор сар задааст", - гуфта мешавад дар сафҳаи расмии ин марказ дар Фейсбук.

Қайд гардидааст, ки кормандони маркази савдо фавран барои хомӯш кардани сӯхтор чораандешӣ намуданд. Аммо дуд тавонист тавассути вентилятсия то қабатҳои поён ва ҳатто то таваққуфгоҳ паҳн шавад.

Маъмурияти марказ таъкид намуданд, ки дар зудтарин фурсат "Душанбе - Мол" ба қабули муштариён шурӯъ мекунад.

276
Барчаспҳо:
маркази савдо, сӯхтор
Председатель Китая Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Пекине

Изҳори тасаллияти Раҳмон ба Си Ҷинпин ва Синдзё Абэ дар робита ба обхезиҳои ахир

62
(Таҷдидшуда 19:44 07.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба ҳамтои чинияш Си Ҷинпин ва сарвазири Япония Синдзё Абэ барқияи тасаллият ирсол кардааст.

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи тасаллиятро дар робита ба обхезиҳои ахир дар Чин фиристодааст.

Дар номаи раисиҷумҳур аз ҷумла омадааст: “Хабари фоҷеабори сар задани обхезиҳои шадиду дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани мардум ва ба вуқӯъ пайвастани харобиҳои зиёд дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии Ҷумҳурии Мардумии Чин боиси андуҳи амиқи ин ҷониб гардид”.  

Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардии самимии худро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиӣ изҳор дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

Раисиҷумҳури кишвар ҳамзамон ба сарвазири Япония Синдзё Абэ низ изҳори тасаллият кардааст.

"Хабари дар ҷануби Япония сар задани ярчу обхезиҳои шадид, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардида, харобиҳои калонмиқёсро ба бор овардаанд, моро хеле андуҳгин кард",-омадааст дар номаи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон дар иртибот ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи худро ба пайвандону наздикони фавтидагон иброз дошта, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

62
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ

Бе коррупсия ва ситондани бизнес бо зӯрӣ: Файзов 6 шарти рушди соҳибкориро гуфт

0
(Таҷдидшуда 20:34 07.07.2020)
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар машварати васеъ бо ҳузури мақомдорони давлатию созмонҳои ҷамъиятӣ масъалаи рушди соҳибкорию дастгирии давлатиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Ёдгор Файзов зимни машварати васеъ изҳор дошт, ки  дар тамоми дунё барои рушди соҳибкорӣ шаш омили асосӣ вуҷуд дорад.

"Якум барои рушди соҳибкорӣ, аз нуқтаи назари андоз, коррупсия, бақайдгирӣ ва ғайра дар доираи талаботи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити мусоид бояд фароҳам оварда шавад. Дуюм ба роҳ мондани дастрасӣ ба захираҳои маблағӣ аз тариқи грант, кредитҳои фоиздор ва бефоиз, лизинг, дастрасӣ ба технологияи муосир ва дониш мебошад", - изҳор дошт раиси ВМКБ.

Ӯ тавзеҳ дод, касоне, ки ба тиҷорат сарукор мегиранд, бояд дониши муайян дошта бошанд. Масъалаи сеюм ташкил намудани бозори дохилӣ, донорҳои сабз ва дастрасӣ ба бозори хориҷӣ арзёбӣ шуд.

Ёдгор Файзов таъкид намуд, ки таъмини ҳуқуқи молу мулкӣ аз омилҳои дигари рушд мебошад, чун соҳибкор бояд мутмаин бошад, ки бизнеси ӯро касе зӯран гирифта наметавонад.

“Масъалаи охирин ин дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ оиди тавлид намудани молҳои воридотивазкунанда ва содиротӣ мебошад”, - гуфт раис.

Тавсиф аз Суғду дастур ба мақомдорони ВМКБ

Раиси ВМКБ аз дастовардҳои бахши хусусии вилояти Суғд тавсиф кардааст, ки зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин вилоят мушоҳида кардаст. Дидем, ки чӣ тавр дар доираи ин меъёрҳо ва талабот соҳибкорӣ рушд кардааст, изҳор дошт ӯ.

Файзов барои сардорони Раёсати сармоягузорӣ, андоз, бонкҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор лозим донистааст, ки таклифу пешниҳодҳои худро барои беҳтар амалӣ гардидани Барнома ҷиҳати таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, такмили асосҳои институтсионалӣ, диверсификатсияи содирот, содагардонии расмиёти савдо ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш пешниҳод намоянд.

0
Барчаспҳо:
ВМКБ, соҳибкорӣ, савдо, иқтисод, Тоҷикистон