Сел дар Покистон. Акс аз бойгонӣ

Обхезӣ дар Покистон боиси ҳалокати 50 кас гардид

53
(Таҷдидшуда 17:55 14.03.2016)
Боришоти шадид аввали ҳафтаи гузашта дар вилояти Балуҷистони Покистон шурӯъ шуда, ба минтақаҳои дигар паҳн шуд, хабар медиҳад Агентии миллӣ оид ба офатҳои табиӣ.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Шумори қурбониёни обхезӣ  ки дар натиҷаи боришоти пай дар пай ба вуқӯъ пайваст, 49 нафарро ташкил дод, иттилоъ дод рӯзи душанбе Агентии миллӣ оид ба офатҳои табиӣ (NDMA).

Боронгариҳо мобайни ҳафтаи гузашта дар вилояти Балуҷистони Покистон шурӯъ шуда, ба минтақаҳои дигар паҳн шуд, хабар медиҳад Агентии миллӣ оид ба офатҳои табиӣ.

Дар Балуҷистон 18 нафар, дар минтақаи Панҷоб-10 кас, дар манотиқи қабилавӣ-15 тан ва дар вилояти Хайбар-Пахтунхва —6 кас ҳалок гардиданд.

Дар маҷмӯъ,  наздики 80 нафар қурбони обхезӣ шуда, беш аз 75 манзили маскунӣ тахриб гардидааст.   

 

53
Барчаспҳо:
50 нафар, 80 кас, обхезӣ, сел, ҳалокати одамон, NDMA, Агентии миллӣ оид ба офатҳои табиӣ, Балуҷистон, Панҷоб, Покистон