Одамон дар маҳалли инфиҷор дар Лоҳури Покистон

Бар асари инфиҷор дар Покистон 69 нафар қурбон шуданд

27
(Таҷдидшуда 12:16 28.03.2016)
Дар натиҷаи таркиш дар дуюмин шаҳри калонтарин дар наздикии боғи кӯдакон чандин нафар зан ва атфол захм бардоштанд. Масъулияти таркишро гурӯҳи тундрави "Толибон" ба зимма гирифт.

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Шоми рӯзи якшанбеи 27 март дар шаҳри Лоҳури Покистон таркиш ба вуқӯъ пайваст, менависад оҷонсии Рейтер бо истинод ба намояндагони идораи наҷотдиҳӣ.

Маводи тарканда аз ҷониби террористи худкуш дар наздикии боғи фароғатӣ ба кор дароварда шудааст.

Бар асари инфиҷор наздики 69 нафар ҳалок гардида, аз ин шумора 23 нафарашон кӯдакон мебошанд. Зиёда аз 300 нафар захм бардошта, 56 тифл дар бемористони шаҳрӣ бистарӣ шуданд.

Ба қавли масъулини хадамоти интизомӣ ва амниятӣ, аксари ҳалокшудагон занон ва кӯдаконанд. Қайд мешавад, ки ҳадафи ҳамла масеҳиён будаанд.

Масъулияти ҳодисаро гурӯҳе аз созмони ифротии "Толибон" ба ӯҳда гирифтааст.

 

27
Барчаспҳо:
қурбон шуданд, таркиш, инфиҷор, ҷунбиши "Толибон", Лоҳур, Покистон
Пачка долларов

Мошинашро бо доллар фурухт: парвандаи як ҷавони 24 сола

167
(Таҷдидшуда 12:00 26.11.2020)
Мақомоти милистияи Суғд нисбати як ҷавони 34 сола парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Нафари дастгиршуда, сокини ноҳияи Рӯдакӣ буда, бар хилофи қонун, мошинашро бо асъори хориҷӣ (доллар) ба фурӯш гузоштааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Як сокини 34 солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми гирифтани 4 000 доллари амрикоӣ, ки қисме аз арзиши мошинаш аст аз сӯи мақомоти милитсия дастгир шудааст.

“Сокини ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи 23 ноябр автомашинаи Mercedess-Benz -ро дар тавқифгоҳи воқеъ дар шаҳраки ба номи Бобоҷон Ғафуров бо арзиши 11 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, аз хариддор 4 ҳазор долларро ҳамчун аванс гирифтааст”,- гуфт Шарифӣ.

Котиби матбуоти РВКД Суғд мегуяд, оиди ин ҳолат нисбати дасгир шуда бо моддаи 286 (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда шуда, тафтиши онро прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пеш мебарад.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2013 бо қабули Қонун “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” савдо бо пули хориҷӣ аз ҷумла доллар дар ҳудуди кишварро манъ намудааст.

Масъулини Бонки миллӣ дар шарҳи қабули қонуни мазкур иброз медоранд, ки савдо бо асъори хориҷӣ дар ҳудуди кишвар, латма ба қурби пули миллӣ мезанад.

167
Барчаспҳо:
фурӯхтан, мошин, доллар, дастгир, Тоҷикистон
Угон автомобиля, архивное фото

Дар пойтахт ноболиғи 13-сола барои мошинрабоӣ дастгир шуд

77
(Таҷдидшуда 11:23 26.11.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ноболиғи 13-сола, ки дар мошинрабоӣ гумонбар дониста мешавад, хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон писарбачаи боздоштшуда сокини ноҳияи Рӯдакии пойтахт буда ҳамагӣ 13-сол доштааст. Ӯ хонандаи синфи 7-уми МТМУ будааст. 

Манбаъ хабар додааст, ки ахиран ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ марди 24-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии пойтахт муроҷиат кардаат.

Ӯ ба кормандони милитсия муроҷиат намудааст, ки санаи 24-уми ноябри соли равон, тахминан соати 03:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бинои истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш “Мерседес-Бенс”-ро ғайриқонуни ронда бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, зарари расонидашуда 45 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Гуфта шудааст, ки ҳангоми амалиёт аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғ, писарбачаи 13-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ронда бурдани автомобил бидуни мақсади тасарруф, дастгир карда шуд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки аз ҷониби кормандони милитсия ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

77
Барчаспҳо:
пойтахт, гумонбар, ноболиғ, рабудан, ВУД, Тоҷикистон

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон: беҳбудӣ ё баръакс

0
(Таҷдидшуда 12:14 26.11.2020)
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки пандемия ба иқтисодиёти Тоҷикистону аксар кишварҳои ҷаҳон латмаи сахт мезанад ва сатҳи камбизоатиро афзун мекунад
Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйир ёфтааст
© Sputnik

Пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти кишварҳо таҳдид мекунад. Инро таҳлил карда, иқтисоддонҳо афзоиши сатҳи камбизоатиро дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ пешгӯӣ мекунанд.

Дар ин робита, Sputnik Тоҷикистон маълумотҳоро дар тӯли 30 соли ахир фыамъ овард то нишон дищад, ки чӣ гуна омилҳои асосии иқтисодӣ ва сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ тағир ёфтааст.

Аз ҷумла, аз соли 1995 инҷониб Тоҷикистон ба таври назаррас афзоиши ММД-ро ба ҳар сари аҳолӣ нишон додааст: то соли 2015 ин рақам ба 921 доллар афзоиш ёфт.

Ятимӣ, зангирӣ бо қарз, кулбаи бедар ва духонагии Президент: саргузашти Муҳаммад-видео

Инчунин, қабл аз пандемия, Тоҷикистон музди миёнаи меҳнатро афзоиш дод, аммо дар соли 2020 пардохтҳои миёнаи моҳона бинобар ихтисори кормандон ва аз ҳисоби коронавирус коҳиш ёфтанд.

Фоизи камбизоатон дар кишвар ҳар сол коҳиш меёбад: дар тӯли 10 сол шумораи онҳо 10% коҳиш ёфт.

Агар вазъро дар минтақаҳо ба назар гирем, пас вазъ дар Душанбе ва вилояти Суғд беҳтар аст. Бадтарин ҳолат дар вилояти Хатлон аст: ҳиссаи камбизоатон дар он ҷо 32,8% -ро ташкил медиҳад.

Дар рейтинги байналмилалии камбизоатӣ, Тоҷикистон дар байни 191 кишвар дар мақоми 157-ум қарор гирифтааст.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, сатҳи камбизоатӣ