Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои ҳодиса. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон бар асари муноқиша кушта шудааст

41
(Таҷдидшуда 17:07 21.04.2016)
Ба гуфтаи шоҳидон сабаби муноқиша пул будаст. Ду гумонбари қазия дар ҷои ҳодиса дастгир гардиданд, гуфт сухангӯи дафтари матбуотии сафорати ҶТ дар ФР Сарвар Бахтӣ бо такя ба Кумитаи тафтишотии ФР дар Маскав. Феълан, парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар ноҳияи Бирюлёвои Маскав миёни шаҳрванди Тоҷикистон ва гурӯҳи ҷавонон аз Қафқоз муноқиша ба вуқӯъ пайваст.

Тавре сухангӯи Сафорати ҶТ дар ФР Сарвар Бахтӣ ба  Sputnik Тоҷикистон хабар дод, Рамазон Шоимов сокини 24-солаи  ноҳияи Ёвон кушта шуда, Рузибек Сармонов, шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҷароҳат бардоштааст.

"Мувофиқи маълумоти шоҳидон сабаби мубориза пул будааст. Зодагони Қафқоз аз муҳоҷирони Тоҷикистонӣ пул талаб намудаанд ва ҳангоми посухи рад гирифтан байни онҳо муноқиша шудааст. Шаҳрвандони Қафқоз аз 4-5 нафар иборат буданд",-гуфт оқои Бахтӣ.

Нафари дуюм (шаҳрванди Тоҷикистон- шарҳ аз идора) бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи Склифосовский таҳти муолиҷаи пизишкон қарор дорад.

Намояндагони сафорати ҶТ дар Маскав ва масъулини Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз аҳволи Сармонов хабар гирифтанд. Чуноне Сарвар Бахтӣ қайд намуд, вазъи ҷабрдида хуб аст.

"Ӯ бо корд дар қисми пушташ ҷароҳат бардоштааст, ҳоло худро хубтар ҳис мекунад, вазъияташ беҳтар мешавад",-қайд кард дипломати тоҷик.

Чуноне аз бемористони Склифасовский ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷавони 19-сола ба утоқи умумӣ интиқол ёфта, вазъи саломатиаш беҳтар шудааст.

Бо иттиҳоми даст доштан ба қазияи мазкур ду нафар дастгир шуданд, изҳор дошт Сарвар Бахтӣ бо истинод ба КТ ФР дар Маскав.

 

41
Барчаспҳо:
муолиҷа, корд, қазия, муҳоҷират, муҳоҷир, куштор, Кумитаи тафтишотии Русия, Сафорати ҶТ дар Маскав, Рамазон Шоимов, Рузибек Сармонов, Сарвар Бахтӣ, Бирюлёво, Қафқоз, Русия, Маскав
Мавзуъ
Генерал Назаров: муҳоҷират сабаби ифротгаро шудани ҷавонони тоҷик аст
Здание Налогового комитета при Правительстве РТ. Архивное фото

Кумитаи андоз 13 шаҳру навоҳии қарздорро гуфт: бештарашон дар Хатлон

383
(Таҷдидшуда 19:41 31.10.2020)
Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтааст, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда зарфи нӯҳ моҳи соли равон нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ иҷро нашуда, ба ҷойи 8 млрд 143,3 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷети давлатӣ 7 млрд 497,0 млн сомонӣ ворид гардид,

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ин ниҳод дар ҳисоботи нуҳмоҳааш гуфтааст, 13 шаҳру навоҳии кишвар аз иҷрои нақҳаи андоз набаромаданд.

Ба иттилои манбаъ, бештари шаҳру навоҳии қарздор дар вилояти Хатлон, аз қабили Бохтар 88,2%, Кушониён 94,4%, Вахш 93,0%, Хуросон 94,0%, Қубодиён 97,6%, Ҷомӣ 90,0%, Панҷ 93,6%, Шаҳритуз 97,4%, Леваканд 83,0% мебошад.

Манбаъ мегӯяд, дар вилояти Суғд бошад, танҳо Хуҷанд (95,6%) аз иҷрои нашаи ҷамъоварии андоз набаромад.

Гуфта мешавад ҳамзамон Роғун 91,5%, Турсунзода 84,6% ва Рӯдакӣ 91,2% низ нақшаро иҷро накардаанд, ки дар умум аз ин ҳисоб ба буҷет 91,0 млн сомонӣ ворид нашуд.

Беш аз 27 миллион қарзи Нусратулло Файзуллоев ва Убайдуллоев аз андоз

Кумитаи андоз гуфтааст, дар умум вилоятҳо нақшаи андозро иҷро карданд, аммо Раёсати андози андозсупорандагони калон, ки воридоти маблағҳо аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст - 53,0% таъмин кард.

Ин ниҳод гуфтааст, таъмин нагардидани иҷрои сифатии нақшаи андозҳо, пеш аз ҳама, аз ҷониби кормандони мақомоти андоз дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, аз ҷумла, пурра татбиқ накардани муқаррароти қонунгузории андоз, супоришҳои роҳбарияти Кумита оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо, сари вақт ва дар сатҳи дахлдор анҷом надодани корҳои назоратӣ ва тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ вобаста мебошад.

Дигар омиле, ки ба ин сабаб шуд, ба миён омадани пандемияи коронавирус, ки таъсирашро бевосита ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ расонида истода, боиси нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо, коҳиш ёфтани хизматрасониҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои хизматрасонӣ ба ҳамин соҳаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, коҳиш ёфтани гардиши савдои чакана ва ногувор шудани вазъи молиявии баъзе аз корхонаҳо гардидааст.

Дар қонуни нави андоз ҳам бандҳо зиёд шуданду ҳам сафҳа

 Сабаби дигаре, ки ба таъмин нашудани иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъсир расонида истодааст, ин дар сатҳи зарурӣ афзоиш наёфтани музди меҳнат ва шумораи коргарон дар баъзе корхонаю ташкилотҳо мебошад, ки манбаи андозбандии андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, афзудааст манбаъ.

383
Барчаспҳо:
қарз, нақша, кумитаи андоз, Тоҷикистон
Праздничный дастархан в Душанбе

Мол кушту дастархон кушод: вокунишҳо ба навори таҷлили савгандёдкунии президент-видео

1014
(Таҷдидшуда 19:33 31.10.2020)
Дар шабакаи Инстаграм навори таҷлил рӯзи савгандёдкунии раисиҷумҳур нашр шуд, ки вокуниши зиёди корбаронро ба миён овард

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар навори видеоӣ дида мешавад, ки нафари таҷлилкунанда барои ин маросим деги ош мондааст.

Ҳамзамон зимни намоиши дастархон, ки хеле зебо оро дода шудааст, худи ӯ мегӯяд ин ҳама ба хотири таҷлили маросими савгандёдкунии раисиҷумҳур аст.

“Ин барои савгандёдкунии пешвои миллат. Барои ин дафъа ҳам дар сари миллати мо соябони сараш кардааст Худованди бузург. Барои аз нав шоҳи ҷаҳон, шоҳи тоҷикони олам таъйин шуданаш як мол хун кардам, ба дасти фақиронаи  ман ба дуои фақиронаи ман иншоАллоҳ".

Ӯ ҳамзамон дуои дарозумрии раҳбари кишварро карда гуфтааст, дар баробари дуои фақиронааш боз миллионҳо фиқироне ҳастанд, ки дар ҳаққи раисиҷумҳур дуо мекунанд.

Яке ӯро бо чунин амалаш “лагандбардор” ва ё вазифаталиби дигаре унвон кардаву дигаре навиштааст, ки кадом маросими дигар асту муаллифи навор “бо як тир ду нишон задааст”ва сеюми бошад гуфтааст, ки хуб мешуд ин ҳамаро барои ягон камбизоат ва ё ятимон хайр мекард.

Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ки будам: эҳсоситарин нуқтаҳои суханронии Президент

Ҳамзамон дар баробари ин бо ҷонибдорӣ аз ӯ низ навиштаанд, ки ба касе гуш накунад ва ҳамзамон навиштаанд, ки  хуб асту, аммо чунин дастархонҳоро дар моҳи мубораки Рамазон низ иҷоза медоданд боз хуб мешуд.

Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта, 30 октябр дар Душанбе маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Пуршукӯҳ ва зебо: гузориши аксӣ аз маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Тоҷикистон

Маросими пуршукӯҳ аз Қасри миллат оғоз гардид, дар Кохи Сомон идома ёфт ва дар майдони Дӯстӣ бо баргузор шудани гузашти низомии зебое ба анҷом расид.

1014
Путин оценил предложение Лукашенко изменить Конституцию Беларуси

Путин пешниҳоди Лукашенкоро барои тағйири Конститутсия шарҳ дод-видео

0
(Таҷдидшуда 19:48 31.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, пешниҳоди Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусро барои тағйири Конститутсияи кишвар шарҳ дод

Путин пешниҳоди Лукашенко барои вуруди тағйирот ба Конститутсияи Белорусияро қадам ба истиқболи мухолифини сиёсияш хонд.

“Ин қадам сӯи мухолифини сиёсӣ мебошад”, - изҳор дошт Путин зимни тавзеҳи иқдоми Лукашенко барои тағйири Сарқонун. Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар анҷумани сармоягузорӣ, ки ВТБ Капитал зери унвони "Россия зовет!" дар Маскав ташкил карда буд, изҳор дошт.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Русия, дуруст мебуд, агар нерӯҳои сиёсии Белорус ба ин раванд шомил мешуданду дар муътадил сохтани вазъ ширкат мекарданд. Ӯ таъкид намуд, ки ба ин восита метавонанд ба тасмимҳое, ки қабул карда мешаванд, таъсир расонанд.

Раисиҷумҳури Русия ин тарзи амалро беҳтар аз муттаҳамсозии Лукашенко дар ҳилагарӣ хонд.

Ин дар ҳолест, ки вазъ дар Белорус баъди интихоботи президентии 9 август шиддат ёфт.

Тибқи иттилои расмии Комиссияи марказии интихобот Лукашенко пирӯз шуд, аммо мухолифон бо ин натиҷа норозӣ буда, даст ба тазоҳурот заданд.

0
Барчаспҳо:
Конститутсия, Белорус, Русия