Шаҳри Димишқ, Сурия. Акс аз бойгонӣ

Дар Димишқ қурбонии ҳамлаи террористӣ гардиданд

20
Террористон мошини бомбадорро дар назди гузаргоҳи ноҳияи Сайид Зайнаб, ки қисми зиёди сонинонашро пайравони шохаи шиъа ташкил медиҳанд, дар Сурия таркониданд. Чор мошин пурра таркида сӯхтанд, маҷрӯҳшудагон низ ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Бар асари ҳамлаи террористӣ дар ҷануби Димишқ  8 шаҳрванди осоишта ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба Салиби сурхи Сурия.

Бино ба иттилоъи манбаъ террористон дар ноҳияи Сайид Зайнаб мошини бомбадорро тарконидаанд.

"Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар гузаргоҳи Сайид Зайнаб 10 нафар ҷон бохта, 20 шаҳрванди дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бистарӣ гардиданд",-гуфт корманди Салиби сурх.

Дар охири моҳи феврал дар қаламрави ноҳияи Сайид Зайнаб, ки қисми зиёди сокинони минтақаро мусулмонони шохаи шиъа ташкил медиҳанд, якқатор ҳамлаҳои террористӣ анҷом дода шуданд, ки дар натиҷаи онҳо 75 нафар ҳалок гардида, наздики 200 нафар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамлаҳоро гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба дӯш гирифт.

20
Барчаспҳо:
ҳамлаи террористӣ, ҳалокати 10 нафар, таркиш, Салиби сурх, Давлати Исломӣ, Сайид Зайнаб, Димишқ, Сурия
Мавзуъ
Инфиҷори ҷангиёни "Давлати исломӣ". Дар бомбаи худашон
Подростки

Бо корд ҳамла кардани ноболиғ ба хонандагони синфи 10: пулис волидонро ҷарима кард- навор

627
(Таҷдидшуда 16:37 27.10.2020)
Ҷавони 17 - сола бо ҳамроҳии ду дӯсти дигараш барои ҳал кардани нофаҳмиҳо миёни ӯ ва хонандагони синфи 10, мактаби № 92, ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе омада, бо корд ба онҳо таҳдид кард

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Навори муноқишаи ду гурӯҳ ҷавонону ноболиғон дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби раҳгузаре сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. 

Зимнан, кормандони милитсияи пойтахт навори мазкуро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин навор навраси 17 - сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи курси 2 - и Литсеи касбӣ - политехникӣ бо ҳамроҳии ду нафар рафиқони худ, яке ҷавони 19 - сола, дигаре ҷавони 15 - сола ба хотири қасдгирӣ аз хонандагони синфи 10 - и МТМУ № 92 дар ноҳияи Сино, онҳоро ба муноқиша даъват кардаанд.

Вазорати маорифи ҶТ омӯзгореро, ки бо донишомӯз задухӯрд карда буд, танбеҳ дод

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 октябр рух додааст. Чаҳор нафар хонандагони синфи 10 - и муассисаи мазкур ба хотири ба қавле ҳал намудани нофаҳмиҳои ба миён омада, ба макони муайяншуда рафтаанд.

Дар навор ҷавони 17 - сола бо корд ба хонандаҳо таҳдид намудааст, ки дар натиҷа, ҳамаи онҳо пароканда шуданд.

РВУД дар шаҳри Душанбе таъкид мекунад, ки нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90 - Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои бемасъулиятӣ ва ҳунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Волидони кӯдакон ҷаримабандӣ ва худи онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

627
Барчаспҳо:
ноболиғ, ҳамла, корд, Душанбе

Лавров оид ба таҳримоти ИА дар робита ба Навалний алайҳи Русия: беҷавоб нахоҳад монд

98
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, таҳримҳое, ки Олмон ва Фаронса дар робита ао ҳодисаи Алексей Навалний оғоз кардаанд, нишон медиҳанд, ки Ииттиҳоди Аврупо ба қадри кофӣ баҳо дода наметавонад.

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. 15 октябр Брюссел алайҳи шаш русиягӣ ва як пажӯҳишгоҳи илмӣ маҳдудият ҷорӣ кард ва Маскав ваъдаи вокуниши баръаксро кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Лавров "радди мағрурона" -и Берлинро аз посух додан ба дархостҳои сершумори Додситонии кулли Русия дар бораи Навалний ёдовар шуд.

Ба гуфтаи дипломат, ин ӯҳдадориҳои Олмонро дар назди Конвенсияи Аврупо оид ба кӯмаки мутақобила дар масъалаҳои ҷиноӣ вайрон мекунад.

“Ба ҷои эҳтиром ба ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ, намояндагони Олмон ва Фаронса як ташаббуси дигари таҳримҳои ғайриқонунии ИА алайҳи шаҳрвандони Русияро оғоз карданд.  Ҳамаи ин таассуфовар аст ва ба таври равшан нишон медиҳад, ки <...> талоши (Брюссел. – аз идора.) худро берун аз қонун гузоштан аст-”, - гуфт Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи Хорватии “Вечерный Лист”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳои зиддируссии ҳамкасбони ғарбӣ, ки дипломатияро фаромӯш кардаанд ва ба сатҳи дағалии ғайриоддӣ расидаанд, дар Маскав беҷавоб нахоҳанд монд.

Александр Сабаев: ташхиси Навалний дар бораи "заҳролудшавӣ" тасдиқ нашуд

Дипломат қайд кард, ки Вашингтон ва Брюссел талошҳои худро барои боздоштани рушди Русия дучанд кардаанд, аммо дар айни замон онҳо ҳеҷ далеле дар бораи иттиҳомоти зидди Маскав пешниҳод намекунанд.

Лавров изҳори умедворӣ кард, ки шарикони аврупоӣ барои барқарор кардани муколама ба қадри кофӣ ақли солим ва дурандешӣ дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, моҳи август блогери рус Алексей Навалний дар ҳавопаймо аз ҳуш рафт ва оҷилан ба беморхона интиқол дода шуд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.

98
Барчаспҳо:
Олмон, ИА, Сергей Лавров, Русия
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Сабаб номаълум: парвозҳо миёни Душанбе ва Тошканд дубора ба таъхир афтоданд

0
(Таҷдидшуда 10:08 28.10.2020)
Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки қарор буд аз рӯзи 28 октябр оғоз гардад, дубора ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба сомонаи Ахбори осиёи Марказӣ, мақомоти ин ду кишвар тавофуқ карда буданд, ки парвозҳои муназзам миёни Душанбе ва Тошканд рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта анҷом шавад, ки акнун ин барнома ба таъхир афтодааст.

"Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон фурӯши билет ба мақсади Душанбе ба баъд аз рӯзи 2 декабри соли ҷорӣ эълом шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Бо ин ҳол, дар бораи иллати таъхири дубораи азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тавзеҳе ироа нашудааст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз рўз 20 марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд ва марзҳои заминии ин ду кишвар низ баста боқӣ мемонад.

 

0