Сарҳадбонони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Задухӯрд дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон

76
(Таҷдидшуда 19:03 27.04.2016)
Сарҳадбонони Тоҷикистон як ҳолати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро аз Афғонистон, ки вазни умумии он 65 кг-ро ташкил дод пешгирӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Шаби душанбеи гузашта дар ҷануби Тоҷикистон бархӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён ба вуқӯъ пайваст.

Гурӯҳи қочоқчиёни афғонистонӣ иборат аз 16 нафар кӯшиши убури марзи Тоҷикистонро карданд.

Дар натиҷаи бархӯрди сарҳадбонони тоҷик ва қочоқчиёни афғон ду ҷинояткор нобуд карда шуда, се тани бигар маҷрӯҳ гардиданд.

Боқимонда марзшиканон аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуотии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти ҶТ, дар ҷои ҳодиса 60кг ҳашиш, 5кг афюн, як адад автомати Калашников, 3 мағоза, 80 тир ва норинҷаки дастӣ дарёфт гардидааст.

 

76
Барчаспҳо:
бархӯрд, қочоқ, маводи мухаддир, Раёсати Қушунҳои сарҳадӣ, Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Раҳмон: ҳифзи сарҳад беш аз ҳарвақта ҳушёриро талаб мекунад