Дар натиҷаи омадани сел дар Тоҷикистон ду нафар ҳалок гардид

© wikimedia.org/Virginia State Parks staffОқибатҳои фаромадани сел. Акс аз бойгонӣ
Оқибатҳои фаромадани сел. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар баробари ин бар асари селфароӣ якқатор манзилҳои зист вайрон шуда, дигар иншоотҳои инфрасохторӣ зарар диданд.

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи обхезӣ ва ҷараёни сел ду нафар ҷон бохтанд, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии назди ҳукумати кишвар.

Чуноне маълум гардид, рӯзи 9 май дар натиҷаи боронгариҳои зиёд дар деҳаи Ревади ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ сел фаромада, бар асари он сокини 41 солаи ин минтақа ва писари 17 солааш ба ҳалокат расиданд.

Оқибати сел дар деҳаи Бедак - Sputnik Тоҷикистон
Оқибатҳои сел дар деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт

Ҷасади вафоткардагонро субҳи имрӯз натоҷдиҳандагони Ситоди КҲФ дар вилояти Суғд дарёфт намуданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки бар асари селфароӣ якқатор манзилҳои зист вайрон шуда, дигар иншоотҳои инфрасохторӣ зарар диданд.

Дар давоми соли равон дар баробари Тоҷикистон дар якқатор мамлакатҳои Осиёи Марказӣ низ боронгариҳо боиси зарар дидани якқатор манзилҳои зист гашт. Ҳамин тавр қаблан хабар дода шуд, ки ҷануби Қирғизистон наздики 50 манзили зист бар асари фаромадани сел дар ноҳияи Аксийски вилояти Ҷалолобод  зарар диданд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0