Садамаи нақлиётӣ дар роҳи Чаноқ- Душанбе боиси марги як нафар гардид

© Sputnik / Александр Нестеров / Гузариш ба медиабонкСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки ҳадди имкон аз дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Бар асари сангрезӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ як сокини 27-солаи пойтахт ба ҳалокат расидааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи гузашта дар мавзеи Тагоби деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ, аз кӯҳ санг фаромада, ба автомашинаи "Опел-Зефира", ки дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракат мекардааст, бархӯрдааст.

"Бар асари ин, мусофири автомашинаи мазкур, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст",- омадааст дар хабар.

Ин дар ҳолест, ки обуҳавошиносони тоҷик то 15 май дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид, борони шадид, жола, раъду барқ, дар доманакӯҳҳо омадани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳоро пешгӯӣ мекунанд.

Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сангрезӣ, фаромадани ярч ва дигар ҳодисаҳои табиӣ ҳушдор дода буданд.

Лентаи хабарҳо
0