Ҳавопаймои ширкати Egypt Air. Акс аз бойгонӣ

Олланд суқути ҳавопаймои EgyptAir-ро тасдиқ кард

7
(Таҷдидшуда 18:15 19.05.2016)
Президанти Фаронса суқут кардани ҳавопайморо дар баҳри Миёназамин тасқид кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки тавассути пораҳои ҳавопаймо сабаби суқут маълум карда шавад.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Раисҷумҳури Фаронса Олланд изҳор дошт, ки ҳавопаймои ширкати EgyptAir, ки аз Порис ба Қоҳира парвоз мекард, суқут намуд, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Дар бастагӣ бо ҳодисаи ҳавопаймо президенти Фаронса баромад намуда, изҳор дошт, ки ҳавопаймо дар баҳри Миёназамин суқут кардааст ва изҳори боварӣ кард, ки сабаби суқут бо истифода аз пораҳои ҳавопаймо муайян карда шавад.

Ҳавопаймои мусофиркаши ширкати EgyptAir, ки аз Порис ба Қоҳир тариқи хатсайри MS804 апарвоз мекард, субҳи рӯзи панҷшанбе аз хатти назоратӣ берун шуда, дар фазои баҳри Миёназамин ғайб зад. Дар дохили ҳавопаймо 66 мусофир қарор доштанд.

Ҳавопаймо аз фурӯдгоҳи "Шарл-де-Гол" соати 23.09 бо вақти Порис (2.09 ба вақти Душанбе) парвоз намуда бояд соати 3.15 бо вақти Қоҳира (6.15 бо вақти душанбе) фурӯд меомад. Ҳавопаймо аз хатти назоратӣ соати 2.30 бовақти Қоҳира (5.30 бо вақти Душанбе) ғайб зад. Амалиётҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби авиатсияи Миср ва Юнон идома доранд.

Чуноне шабакаи "Маядин"  дар саҳифаи Twitter  бо истинод ба сарчашма аз ширкати Egyptair хабар медиҳад, ҳавопаймо ба баҳри Миёназамин  афтодааст.

7
Барчаспҳо:
суқути EgyptAir, ба баҳри Миёназамин афтод, ҳавопаймо, Франсуа Олланд, Порис, Қоҳира
Мавзуҳо:
Ғайбзании ҳавопаймои EgyptAir зимни парвоз аз Порис ба Қоҳира (5)
Мавзуъ
Экипажи ҳавопаймо дар бораи мушкилот ҳангоми парвоз хабар надода буд
Дар дохили ҳавопаймои EgyptAir шаҳрвандони Миср ва Фаронса буданд
Ҳавопаймои гумшудаи EgyptAir бонги изтироб дод
Деньги, архивное фото

Ба сари қарзаш рафту корд хӯрд: куштори Ҷоббиров дар Душанбе видео

660
(Таҷдидшуда 17:28 24.02.2021)
Вазорати умури доҳилии Тоҷикистон мегӯяд, бисёри ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла куштор дар бисёри ҳолатҳо дар заминаи баҳсҳои пулӣ сурат мегиранд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Зоирҷон Абдурасулов, сокини 22-солаи кӯчаи Помири шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар куштори Сомон Ҷоббиров муттаҳам мешавад.

Ба иттилои ВУД, Абдурасулов аз Сомон Ҷоббиров, сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ 90 ҳазор сомонӣ қарздор будааст.

Прапоршики Гвардияи миллӣ ҳамсар ва хусуру хушдоманашро паронд: куштори мудҳиш

“Ҷоббиров рӯзи 17 феврал тахминан соати 14:30 дақиқа ба хотири бозпас гирифтани маблағи худ ба манзили истиқоматии Абдурасулов дар кӯчаи Помири шаҳри Душанбе омадааст. Дар пайи муноқиша Абдурасулов дар ҳолати ғазаб як маротиба ба қафаси синаи Ҷобиров корд мезанад, ки дар натиҷа номбурда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаст”, - гузориш дод ВУД.

Манбаъ такид кард, ки феълан алайҳи Абдурасулов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Назари бевоситаи айбдоршаванда дар бораи ин қазия маълум нест.

Тибқи иттилои расмии ВУД, соли гузашта дар Тоҷикистон 107 ҷинояти куштор, 33 роҳзанӣ, 161 ғоратгарӣ, 1325 авбошӣ, 2866 қаллобӣ, 6197 дуздӣ ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудаанд.

660
Барчаспҳо:
Душанбе, куштор, қарз, Тоҷикистон
Сотрудники милиции общаются с водителем в Душанбе

Ронандаи фирорӣ пас аз шикояти хабарнигор ба Рамазон Раҳимзода боздошт шуд

1297
(Таҷдидшуда 17:25 24.02.2021)
Ронандае, ки авоили моҳи ҷорӣ бо худраваш ба мошини як хабарнигори тоҷик бархӯрду фирор кард, боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Хабарнигори рӯзномаи "Тоҷикистон"Ахмедов Абдумудассир зимни нишасти хабарии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба роҳбари ин ниҳод аз болои як ронанда шикоят кард.

Хабарнигор аз Рамазон Раҳимзода дархост кард, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел - Астра" чораҳои қонунӣ андешанд.

Ба таъкиди Абдумудассир, санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ дар назди Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе ронандаи мазкур ба худрави ӯ бархӯрд. Ҳарчанд мошини хабарнигор зарари техникӣ дид, вале ронанда ба хотири пинҳон шудан аз ҷавобгарӣ, ҷойи ҳодисаро фавран тарк кард.

Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки бо супориши бевоситаи Рамазон Раҳимзода, кормандони пулис ронандаи фирориро боздошт карданд.

Номбурда Хушвахтзода Мадати 38 - сола, сокини шаҳри Ваҳдат мебошад.

Ронандаи фирорие, ки сабаби марги чаҳор нафар гардид, боздошт шуд

Манбаъ меафзояд, нисбати номбурда бо моддаи 333 қисми 1 Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол карда шуд.

Ҳамзамон ронанда муваззаф шуд, ки зарари техникии автомашинаи хабарнигорро пурра барқарор кунад.

1297
Барчаспҳо:
боздошт, шикоят, хабарнигор, ронанда
Конкурс Чакомаи Гесу в Худжанде

Мӯдарозтарин духтари Душанберо муайян карданд

0
(Таҷдидшуда 21:07 24.02.2021)
Дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун - духтарони муйдарози пойтахт муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.

Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй  ба маъраз гузошта шуд.

Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.

Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр  иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир  мегардад.

Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

0