Шаҳри Актоб, Акс аз бойгонӣ

Дар Қазоқистон 9 июн дар робита бо ҳодисаи Актоб Рӯзи мотам эълом шуд

30
Фармони дахлдор аз ҷониби президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба имзо расид. Мувофиқи маълумотҳои охир дар пайи ҳамлаи террористон ҳафт нафар ҳалок гардида, 13 ҷинояткор нобуд карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар Қазоқистон рӯзи 9 июн дар робита бо ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Актоб Рӯзи мотам эълом гардидааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии президенти ҷумҳурӣ.

"Дар робита бо марги кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми осоишта, ки бар асари ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Актоб ба вуқӯъ пайваст дар Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи 9 июни соли 2016 Рӯзи мотами миллӣ эълон мешавад",-омадааст дар фармоне, ки аз ҷониби президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба имзо расидааст.

Рӯзи якшанбеи гузашта гурӯҳи ҷинояткорон ба мағозаи фурӯши аслиҳаи оташфишон ва таҷҳизоти низомии шаҳри Актоб  ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд. Дар шаҳр низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълон гардида, фаъолияти корхонаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки чор ҷинояткор ба қатл расонида шуда, ҳафт нафари дигар дастгир гардиданд.

 

30
Барчаспҳо:
эъломи рӯзи мотам, Нурсултон Назарбоев, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Ҳукумати Қазоқистон қонунҳои диниро пурзӯр мекунад (7)
Мавзуъ
Қазоқистон: боздошти беш аз 20 дигарандеш дар манотиқи мухталиф
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт

260
(Таҷдидшуда 23:48 06.06.2020)
Баҳрин нахустнабераи шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар синни 42 - солагӣ аз олам ҷашм пӯшид. Иллати марги ӯ маризии гурда арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хабари фавти бармаҳали Баҳрин - нахустнабераи Мӯъмин Қаноат шоири зиндаёдро адиби тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар сафҳаи Фейсбукии худ коридаст.

акс аз сафҳаи фейсбукии Комилзода Аҳмадшоҳ
Баҳрин нахустнабераи Мӯъмин Қаноат

Ба навишати Комилзода, набераи устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ 42 - сол умр дошта, бар асари бемории шадиди гурда, рӯзи 6 - уми июн аз олам чашм пӯшид. 

"Баҳрин ҷавони донишманд, донанда ва тарҷумони хуби се забон – порсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд, ки бо ин се забон кору тарҷума мекард", - навиштааст Комилзода.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Аз марҳум ду фарзанд Суруш ва Мумтоз, ки яке 15 - сола ва дувумӣ 13 - солаанд, ятим монданд.

Дӯстони Баҳрин, даргузашти ӯро ҳамчун шахсияти соҳибхираду соҳибғурур ва нафари ботамкин, як мусибати бузурги ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.

260
Девушка в наручниках, архивное фото

Боздошти духтари 22 - сола, ки шиносашро нахуст кӯфт ва сипас мӯяшро қайчӣ зад - навор

2357
(Таҷдидшуда 23:13 06.06.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ муаллифони навори даҳшатборро боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik.Наворе, ки бегоҳи рӯзи 6 - уми июн ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ,аксари корбаронро аз тарзи рафтор ва гуфтори се ҷавондухтар ғазабонӣ кард.

акс аз дафтари матбуоти Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе
Холиқова Шаҳноза Саидмуродовна гумонбари асосӣ дар латукӯби Ваҳобова Гулнора

Котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе менависад,  навори мазкурро корбарон ба идораи пулис таслим намуда, дархост карданд, ки дастандаркорони ин навор дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Авбошӣ: боздошт гардидани ноболиғ барои латукӯби ҳамсоли худ дар Душанбе

Кормандони РУД дар шаҳри Душанбе тақрибан пас аз 20 дақиқаи ба шабакаҳо роҳ ёфтани навор, муаллифони онро боздошт карданд. Навор аз саҳнаи латукӯб ва ҳақоратҳои гӯшхарош иборат аст.

Бар тибқи иттилои манбаъ, се ҷавонзан: ҷабрдида – Ваҳобова Гулноза, гумонбар – Холиқова Шаҳноза ва наворбардор – Дадахонова Мадина бо ҳам шинос буда, макони содиршавии ҳодиса манзили истиқоматии гумонбар Холиқова Шаҳноза мебошад.

Тибқи пурсиши ҷабрдида, гумонбар ва нафари сеюм, нахуст байни онҳо баҳси лафзӣ сурат гирифта, баъдан дастгиршуда Холиқова ҷабрдидаро мавриди латукӯб ва дашному ҳақорат қарор дода, бо истифода аз қайчӣ мӯи сари ӯро мебурад.

"Дар ин лаҳзаҳои мудҳиши ҷиноӣ шаҳрванд Дадахонова Мадина ба ҷои халос кардан, баръакс ин саҳнаи хушунатро ба навор гирифта, нахуст дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм гузошта, сипас тавассути дигар шабакаҳо паҳн менамояд", - таъкид мешавад дар хабар.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, дар асоси далелҳои дар боло овардашуда, айни ҳол нисбати гумонбарон тибқи талаботи моддаи 237 (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбари асосӣ Холиқова Шаҳноза Саидмуродовна дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

2357
Барчаспҳо:
навор, латукӯб, духтар, Раёсати ВКД Душанбе, боздошт