Раъду барқ. Акс аз бойгонӣ

Раъду барқ дар Маскав: дарахтони решаканшуда ва роҳҳои зери об монда

42
Шоми рӯзи чоршанбе дар Маскав раъду барқ бо шамоли сахт ва борони шадид ба вуқӯъ пайваст. Айни ҳол барои аз байн бурдани оқибатҳои офати табиӣ 500 нафар ва 150 адад техника роҳандозӣ шудааст, иттилоъ дод МЧС Русия.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар пайи раъду барқи шадидар Маскав ва минтақаҳои назди пойтахт зиёда аз 300 дарахт решакан шуда, шоҳроҳҳо зери об мондаанд.

"Айни ҳол корҳои бартарафсозии офати табиӣ идома дорад. Оқибатҳои раъду барқ, шамол ва борони шадид аз ҷониби оташнишонон ва қисмҳои наҷотдиҳии МЧС бартараф карда мешавад",-хабар медиҳад хадамоти матбуотии МЧС Русия.

Бино ба маълумоти маркази обуҳавосанҷӣ рӯзи 14 июл дар қаламрави Маскав ва минтақаҳои назди он раъду барқ ва борон пешгӯӣ намешавад.

"Дар умум барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ 500 корманд ва 150 адад техника фаъол шудаанд",-гуфт намояндаи МЧС.

Бино ба иттилои РИА Новости бар асари шамол ва борони шадид ҳафт нафар зарар дидаанд. Қурбониён ба қайд гирифта нашудаанд.

Ҳамчунни қайд мешавад, ки дар бастагӣ бо боду ҳавои номусоид панҷ парвоз аз фурӯдгоҳи Внуково ба Домодедово гузаронида шуд. Ҳамчунин борон ва шамол боиси ба таъхир афтодани панҷ парвоз аз фурӯдгоҳи Шереметево шуд. Дар Маскав 27 нуқтаҳои роҳ зери об монда 22 мошин зарар диданд.

42
Барчаспҳо:
борон, раъду барқ, МЧС, Маскав
Украинский шоколад Рошен

Раис аз дасти коргар фиреб хурд: боздошти корманди ширкати “Афзалият-Групп” барои қаллобӣ

364
(Таҷдидшуда 12:54 08.07.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 28-сола, ки дар содир намудани кирдори қаллобӣ гунаҳгор дониста мешавад, хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳангоми як амалиёти махсус аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки дар ширкати “Афзалият-Групп” фаъолият мекардааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 

Манбаъ таъкид кардааст, ки номбурда, санаи 25-уми марти соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии директори ҶДММ-и мазкур зани 36-солаи сокини ҳамин пойтахт даромада, ба маблағи 119 ҳазор 715-сомонӣ шоколадҳои “Рошен”-ро гирифта, ба мағозаҳо фурӯхта маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки аз рӯи ин ҳодисаи маҳзкур тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки ширкати истеҳсоли шоколади “Рошен” марбут ба соҳибкор ва ҳамакнун соби раисҷумҳури Украина Петро Прошенко аст, ки дар пайи ҳодисаҳои ахири Украина Русия воридоти ин шоколадҳоро ба кишвараш манъ кард.

Русия дар гузашта сабаби манъи онро дар мавҷуд будани моддаи ба саломатӣ зараровар дар таркиби ин шоколадҳо унвон мекард.

364
Барчаспҳо:
ВУД, милитсия, қаллобӣ, ҷавон, боздошт, Тоҷикистон
Жители Узбекистана в защитных масках

Мавҷи дуввум: коронавирус тамоми минтақаҳои Ӯзбекистонро фаро гирифт

324
(Таҷдидшуда 12:58 08.07.2020)
Дар Ӯзбекистон дигар минтақае намонд, ки озод аз коронавирус бошад. Шиддати паҳншавии ин беморӣ дар ин кишвар бо суръат идома дорад

ДУШАНБЕ, 8 июk — Sputnik. Ситоди фаврии назди ҳукумати Ӯзбекистон хабар дод, ки дар тамоми минтақаҳои ин кишвар бемории шадиди нави коронавирус ошкор шудааст.

Тибқи иттилои ситод, ҳолатҳои сирояти коронавирус дар вилояти Фарғона низ ба қайд гирифта шудааст, ки қаблан ягона минтақа буд, ки ин беморӣ вуҷуд надошт.

“Дар вилояти Фарғона се ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки ин маҳал унвони минтақаи “сабз”-ро аз даст дод”, - омадааст дар иттилоияи ситод.

Дар ҳоли ҳозир коршиносон тамоси беморонро таҳқиқ мекунанд ва дараҷаи сироятро дар минтақа муайян доранд

Бино бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш буда ба 10 ҳазору 838 нафар мерасад. Аз ин теъдод 40 нафар фавтидаю беш аз 6 ҳазору 811 бемор шифо ёфтаанд.

Даргузашти пизишк аз COVID - 19 дар Ӯзбекистон

Барои назорати вазъи паҳншавии коронавирус ҳамаи минтақаҳои Ӯзбекистон ба се минтақа тақсим карда шуданд - хатарноктарин “сурх”, “зард” ва озод аз коронавирус “сабз”.
Бо сабаби бад шудани вазъи эпидемиологӣ, мақомоти ин кишвар карантинро дар ҷумҳурӣ то 1 август тамдид карданд.

324

Русия доруи зидди вируси коронаро ба содирот шурӯъ кард: ба Тоҷикистон мефиристад?

0
(Таҷдидшуда 19:06 08.07.2020)
Ба расонаҳо хабари аввалин содироти маводи зидди вируси корона, ки дар Русия истеҳсол шудааст, дастрас гардид

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Русия ба содироти маводи зиддивурусӣ, ки ба наздики ба коркарди он шурӯъ кард, оғоз намуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Номи доруи мазкур "Авифавир" мебошад, ки аз ҷониби Фонди маблағгузориҳои бевоситаи Русия ва Маркази технологияи олии "ХимРар" истеҳсол гардидааст.

Маводи мазкурро Вазорати тандурустии кишвар иҷозат додааст. Феълан содироти онро Русия ба Белорус ба роҳ мондааст.

Таъкид мешавад, ки дигар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ ба ин маводи Русия ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Ҳамчунин дархостҳо аз бархе кишварҳои Аврупо, Амрикои лотинӣ ва ҷануби шарқии Осиё расидаанд.

 Ёдрас мешавем, ки дар охирҳои моҳи май "Авифавир" - маводи зидди вируси коронаро Вазорати тандурустии Русия тасдиқ кард. Он аввалин маводе буд, ки дар Русия коркард гардида, зидди инфексия равона шудааст.

Ҳушдори сарвазир аз афзоиши коронавирус дар минтақаҳо: "маводи доруворӣ захира кунед"

Ташхисҳо нишон доданд, ки маводи мазкур ба паҳн шудани коронавирус дар бадани инсон монеа мешаванд. Баробари ин, мақомоти Русия изҳор доштанд, ки ба содироти маводи зидди коронавирус ва ваксина омода ҳастанд.

0