Акси Алексей Буенков аз саҳифаи Однаклассники

Дар Тоҷикистон низомии пойгоҳи 201-ум кушта шуд

33
(Таҷдидшуда 14:53 03.08.2016)
Чуноне манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод Алексей Буенкови 40 сола дар пайи муноқиша бо ҷавонони маҳаллӣ кушта шудааст. Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар вилояти Хатлон сержанти калони пойгоҳи 201-уми Русия мустақар дар қаламрави шаҳри Қурғонтеппа кушта шуд, хабар дод манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон.

Иттилоъ дода мешавад, ки Алексей Буенкови 40 сола дар пайи муноқиша бо ҷавонони маҳаллӣ кушта шудааст.

Чуноне намояндаи пойгоҳи 201-ум хабар дод, аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. Айни ҳол чанд нафар бо иттиҳоми даст доштан ба куштор дастгир шудаанд.

Қаёд менамоем, ки охирин маротиба Алексей рӯзи 28-уми июл дар саҳифаи интернетиаш фаъол будааст.

33
Барчаспҳо:
кушта шудани соарбоз, пойгоҳи 201, Алексей Буенков, Хатлон, Тоҷикистон