Садамаи нақлиётӣ дар ҶҚ боиси марги ронандаи тоҷик ва бистарӣ шудани писараш шуд

© Sputnik / Максим БлиновРонандаи мошини боркаш.Акс аз бойгонӣ
Ронандаи мошини боркаш.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар дохили мошин ғайр аз ронанда ҳамчунин писараш ва боз як мусофири дигар қарор доштанд. Дар пайи бардошти қароҳатҳои вазнин, онҳо дар беморхона бистарӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар ноҳияи Токтогули вилояти Ҷалолобод,  фурае, ки таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон қарор дошт, ба санг бархӯрд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти МЧС.

Фура дар роҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Фураи ронандагони тоҷикро дар Октоғ наҷот доданд

Мувофиқи маълумоти пешкаӣ ронандаи мошини боркаш шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Садамаи нақлиётӣ дирӯз дар ноҳияи Токтогули вилояти Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғиизстон ба вуқӯъ пайваст.

"Ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид",-омадааст дар иттилоия.

Ғайр аз ӯ дар дохили мошин писари ронанда ва боз як мусофири дигар қарор доштаанд, ик дар пайи бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0