Сейсмограф. Акс аз бойгонӣ

Дар Зеландияи Нав баъди заминларза саргаҳи дарё кушода шуд

45
(Таҷдидшуда 11:33 14.11.2016)
Дар Зеландияи Нав заминларзаи шадид бо иқтидори 7,9 бал ба вуқӯъ пайваст. Заминҷунбӣ дар натиҷаи сунами ба амал омад. Мақомот сокинони наздисоҳилиро даъват карданд, то ба баландӣ бароянд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар пайи заминларза дар Зеландияи Нав саргаҳи дарё кушода шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Радиои миллии Зеландияи Нав (RNZ).

Рӯзи якшанбе дар Зеландияи Нав заминҷунбии иқтидораш 7,9 бал, ки дар натиҷаи сунами ба вуқӯъ пайваст, саргаҳи дарёи Кларенсро боз кард. Ҳамчунин аз ҷониби маркази заминларзасанҷӣ, баъди ин, боз ду маротиба ларзиши замин ба қайд гирифта шуд.

Тибқи иттилои ВАО дар пайи заминларза ду  нафар ба ҳалокат расиданд. Субҳи рӯзи душанбе, дар ҷазираи ҷанубӣ заминларзаи иқтидораш 6,2 бал ба қайд гирифта шуд.

45
Барчаспҳо:
кушода шудани саргаҳи дарё, 7,9 бал, заминҷунбӣ, маркази заминларзасанҷӣ, Зеландияи нав