ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.Вазорати меҳнат дар вилояти Тумен иҷро гардидани қонунгузории меҳнатиро дар сохтмони фабрикаи паррадагии "Абсолют Агро" тафтиш мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.
Дар робита бо ҳодисаи рӯзи шанбе намояндаи вазорат барои мутобиқ намудани корҳои нозироти меҳнатӣ дар тафтишоти ҳодиса ба вилояти Тумен рафтааст, хабар додаанд аз идора.
"Айни замон мавҷудияти бақайдгирии муносибатҳои меҳнатӣ бо кормандони зарардидагон муайян карда мешавад",- менависад хадамоти матбуоти вазорати меҳнат.
Ба ғайр аз ин вазорати меҳнат иҷро гардидани қонунҳои меҳнатӣ ва талаботҳои муҳофизати меҳнатиро дар ҶДММ "Абсолют Агро" тафтиш мекунад. Ҳангоми муайян намудани қонуншиканӣ, айбдоршавандагон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳамчунин мувофиқи маълумоти Вазорати меҳнат ба нақша гирифта шудааст, ки бо намояндаи ташкилоти соҳаи сохтмон ва муовини гебернатори вилояти Тумен маҷлис баргузор мешавад.
Шаби 19-уми ноябр дар майдони фабрикаи паррандапарварии "Абсолют Агро", ки дар назди деҳоти Новая Деревняи ноҳияи Юргинский ҷойгир аст, сӯхтор ба амал омад. Дар майдони 32 метри квадратӣ "вагончаи истиқоматӣ" аланга гирифт.
Дар оташ 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ташкилоти "Горизонт" кор мекарданд ба ҳалокат расиданд. Се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд ва дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мувофиқи маълумотҳои пешкаӣ сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳ гардидаст. Бо далели ҳодиса мувофиқи моддаи "вайрон намудани талаботҳои бехатарии сӯхтор, ки боиси марги зиёда аз ду нафар гардидааст" парванда кушода шудааст.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, шабонарӯзи гузашта 86 нафар аз COVID-19 фавтида, теъдоди умумӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон хабар додааст, ки дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 16 бемори нави гирифтор ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 631 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.
Бар асоси маҷмӯи беморони вируси COVID-19 дар Эрон ба як миллиону 330 ҳазору 411 нафар расидааст, ки то кунун 1 миллиону 119 ҳазору 137 нафар аз ин беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.
Манбаъ афзуд, бемории COVID-19бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз наваду панҷ миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар вилояти Маскав писарчаи 8-солаи тоҷик ҳангоми барфбозӣ ба ҳалокат расидааст, хабар додааст ТАСС бо такя ба хадамоти матбуоти додситонии вилояти Маскав.
Зикр шудааст, ки писарча ҳангоми баромадан ба баландӣ барои лағжиш як нӯги гарданбандашро дар боло баста, гирифтани нӯги дигарашро аз гардан фаромӯш кардааст.
“Вақте хоҳар ҷисми беҳаракати бародарашро дидааст, талоши кумаки аввалия кардааст, аммо бенатиҷа. Роҳгузарон низ натавонистаанд, писарчаро наҷот диҳанд”, - хабар дод манбаъ.
Нашрияи "МК" дар мавриди тафсилоти ин ҳодиса хабар додааст, ки кӯдак зодаи Тоҷикистон буда, бо оилааш се моҳи қабл ба ноҳияи Дмитрови назди Маскав омадааст.
Зикр шудааст, ки баъди кумакхоҳии хоҳар, як роҳгузар бо ҳамсараш низ талош кардаанд, кӯдакро наҷот диҳанд, аммо натиҷа надодааст.
Дар робита ба ин қазия додситонии шаҳрии Дмитров санҷишро оғоз кардааст.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон дар ҳафтаи нав сокинони Тоҷикистонро рӯзҳои гармӣ фотобӣ ва гоҳо боронӣ интизор аст.
Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносӣ имрӯз дар Душанбе ҳавои бебориш ва офтобӣ пешбинӣ мешавад.
Ҳарорати ҳаво шабона 0℃ гарм ва рӯзона +18℃. мешавад. Фардо, 19 январ ҳавои пойтахт рӯзона +12℃ гарм ва шабона +1-3℃ гарм шуда, борони пешгӯӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ чунин ҳаво ҳукмфармо мешавад, вале дар доманакӯҳҳо шабона ҳарорати ҳаво то -5℃, миёнаҳои ҳафта ин ҷо борони кӯтоҳмуддат ва бориши барф пешбинӣ мешавад.
Дар шимоли Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд рӯзона каме сардтар аз +8 то +10℃, шабона бошад аз 0 то +2℃ мешавад.
Дар умум дар вилояти Суғд ҳавои абрӣ пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо ҳарорати ҳаво аз 3 то 8℃ хунук мешавад.
Рӯзи чоршанбе, 20 январ вазиши бод аз тарафи шарқ то 18 метр дар як сония мерасад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз, бебориш мешавад, ҳарорати ҳаво шабона 15℃ сард ва +1℃ гарм мешавад. Рӯзи сешанбе, 19 январ бориши барф оғоз мешавад, ки то рӯзи чоршанбе давом мекунад. пройдет.
Дар ноҳияи Мурғоб шабона то 28℃ сардӣ, рӯзона наздики 18℃ хунукӣ, дар ноҳияи Булункул шабона сардтарин нуқтаи ҷумҳурӣ - аз - 43 то 45℃ сардӣ пешбинӣ мешавад.
Дар ҷануби кишвар вилояти Хатлон рӯзҳои офтобӣ дар пеш аст. Ҳаво бебориш ва бод аз сӯи шарқ то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаррати ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона -2+3℃, рӯзона то +19℃ гарм мешавад.
Миёнаҳои ҳафта дар вилоят, шабона боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ шуда, рӯзона бориш намешавад, вале меғ мефарояд.