Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ

Ҳисор: садамаи нақлиётӣ, марги ронанда ва ҷароҳати ду мусофир

52
Ронандаи 27-сола дар шоҳроҳи Ҳисор-Душанбе ба дарахт бархӯрда, дар пайи бардоштани ҷароҳати вазинин ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар ҳудуди деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор роннадаи автамашинаи "Опел-Астра" ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ба ҳалокат расид, хабар медиҳад  хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, ки дирӯз  тахминан соати 10:10 ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ҳисор ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахт бархӯрдааст.

"Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Мусофирони автомашинаи мазкур ҷавонони 18 ва 20-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд",-омадааст дар иттилоия.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар шаҳри Турсунзода дар пайи садамаи нақлиётӣ ронандаи 24-солаи автамашинаи "Мерседес-Бенс" аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба ҳалокат расид.

52
Барчаспҳо:
ҷароҳати ду ҷавон, марги ронанда, садамаи нақлиётӣ, ВКД-и Тоҷикистон, Ҳисор, Тоҷикистон