Ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ

Вазъияти фавқуллода: нишасти изтирории ҳавопаймо дар Ёқутистон

50
(Таҷдидшуда 10:57 19.12.2016)
Хабар дода мешавад, ки 16 нафар дар пайи фурӯди изтирории ҳавопаймо дар Тикси ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар Ёқутистон ҳолати фавқуллода ба амал омад. Ҳавопаймои Ил-18, ки дар дохилаш 32 мусофир ва ҳафт аъзои сарнишинон воқеъ буд, нишасти изтирорӣ анҷом дод, хабар медиҳад РИА Новости.

Мувофиқи маълумот 16 нафар дар пайи садама ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Хабар дода мешавад, ки ҳамаи мусофирон тавассути чархболи наҷотдиҳандагон ба беморхонаҳои маҳаллӣ оварда шуданд.

Қаблан хабар дода шуд, ки танҳо чор нафар зинда мондаанд.

50
Барчаспҳо:
16 нафар захмӣ шуданд, нишасти изрирории ҳавопаймо, ҳолати фавқуллода, ИЛ-18, Ёқутистон
Подростки

Бо корд ҳамла кардани ноболиғ ба хонандагони синфи 10: пулис волидонро ҷарима кард- навор

624
(Таҷдидшуда 16:37 27.10.2020)
Ҷавони 17 - сола бо ҳамроҳии ду дӯсти дигараш барои ҳал кардани нофаҳмиҳо миёни ӯ ва хонандагони синфи 10, мактаби № 92, ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе омада, бо корд ба онҳо таҳдид кард

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Навори муноқишаи ду гурӯҳ ҷавонону ноболиғон дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби раҳгузаре сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. 

Зимнан, кормандони милитсияи пойтахт навори мазкуро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин навор навраси 17 - сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи курси 2 - и Литсеи касбӣ - политехникӣ бо ҳамроҳии ду нафар рафиқони худ, яке ҷавони 19 - сола, дигаре ҷавони 15 - сола ба хотири қасдгирӣ аз хонандагони синфи 10 - и МТМУ № 92 дар ноҳияи Сино, онҳоро ба муноқиша даъват кардаанд.

Вазорати маорифи ҶТ омӯзгореро, ки бо донишомӯз задухӯрд карда буд, танбеҳ дод

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 октябр рух додааст. Чаҳор нафар хонандагони синфи 10 - и муассисаи мазкур ба хотири ба қавле ҳал намудани нофаҳмиҳои ба миён омада, ба макони муайяншуда рафтаанд.

Дар навор ҷавони 17 - сола бо корд ба хонандаҳо таҳдид намудааст, ки дар натиҷа, ҳамаи онҳо пароканда шуданд.

РВУД дар шаҳри Душанбе таъкид мекунад, ки нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90 - Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои бемасъулиятӣ ва ҳунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Волидони кӯдакон ҷаримабандӣ ва худи онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

624
Барчаспҳо:
ноболиғ, ҳамла, корд, Душанбе

Лавров оид ба таҳримоти ИА дар робита ба Навалний алайҳи Русия: беҷавоб нахоҳад монд

98
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, таҳримҳое, ки Олмон ва Фаронса дар робита ао ҳодисаи Алексей Навалний оғоз кардаанд, нишон медиҳанд, ки Ииттиҳоди Аврупо ба қадри кофӣ баҳо дода наметавонад.

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. 15 октябр Брюссел алайҳи шаш русиягӣ ва як пажӯҳишгоҳи илмӣ маҳдудият ҷорӣ кард ва Маскав ваъдаи вокуниши баръаксро кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Лавров "радди мағрурона" -и Берлинро аз посух додан ба дархостҳои сершумори Додситонии кулли Русия дар бораи Навалний ёдовар шуд.

Ба гуфтаи дипломат, ин ӯҳдадориҳои Олмонро дар назди Конвенсияи Аврупо оид ба кӯмаки мутақобила дар масъалаҳои ҷиноӣ вайрон мекунад.

“Ба ҷои эҳтиром ба ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ, намояндагони Олмон ва Фаронса як ташаббуси дигари таҳримҳои ғайриқонунии ИА алайҳи шаҳрвандони Русияро оғоз карданд.  Ҳамаи ин таассуфовар аст ва ба таври равшан нишон медиҳад, ки <...> талоши (Брюссел. – аз идора.) худро берун аз қонун гузоштан аст-”, - гуфт Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи Хорватии “Вечерный Лист”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳои зиддируссии ҳамкасбони ғарбӣ, ки дипломатияро фаромӯш кардаанд ва ба сатҳи дағалии ғайриоддӣ расидаанд, дар Маскав беҷавоб нахоҳанд монд.

Александр Сабаев: ташхиси Навалний дар бораи "заҳролудшавӣ" тасдиқ нашуд

Дипломат қайд кард, ки Вашингтон ва Брюссел талошҳои худро барои боздоштани рушди Русия дучанд кардаанд, аммо дар айни замон онҳо ҳеҷ далеле дар бораи иттиҳомоти зидди Маскав пешниҳод намекунанд.

Лавров изҳори умедворӣ кард, ки шарикони аврупоӣ барои барқарор кардани муколама ба қадри кофӣ ақли солим ва дурандешӣ дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, моҳи август блогери рус Алексей Навалний дар ҳавопаймо аз ҳуш рафт ва оҷилан ба беморхона интиқол дода шуд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.

98
Барчаспҳо:
Олмон, ИА, Сергей Лавров, Русия
День 28 октября

Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:56 27.10.2020)
Рӯзи 28 октябр рӯзи умумиҷаҳонии аниматсия буда дар Русия рӯзи бибиҳо ва бобоён мебошад. Дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон "Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1" сарфароз гардид

Рӯзи 28 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1707 бар асари заминҷунбӣ дар Япония 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли 1886 дар Ню-Йорк маросими расмии ифтитоҳи ҳайкали Озодӣ баргузор гардид.

 

 

© Sputnik / Алексей Филиппов
Города мира. Нью-Йорк

 

Соли 1914 ширкати "Kodak" аз оғози кор барои ташкили технологияи суратҳои ранга эълон намуд.

 

 

Kodak Brownie Camera. Архивное фото
Kodak Brownie Camera. Архивное фото

Соли 1997 дар назди Президенти Федератсияи Русия Комиссия оид ба мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ дар Русия таъсис дода шуд.

 

Соли 1998 хизматрасонии ҷустуҷӯйии iSearch ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2011 Комроншоҳи Устопириён  дар ҷумҳурии Латвия чемпиони ҷаҳон оид ба самбо ва соҳиби медали тилло гардид.

Рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳомидӣ масоили гуногунҷанбаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Соли 2011 пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олӣ баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузурги шахсиашон дар ҳамгироию ҳамкорӣ дар фазои пасошӯравӣ бо мукофоти олии Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон "Ордени Иттиҳоди дараҷаи 1" сарфароз гардонида шуд.

 

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе семинари тиҷоратии доираи соҳибкорони Тоҷикистону Полша баргузор шуд.

 

Соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри  Кӯлоб сохтмони меҳмонхонаи 16-ошёнаи 5- ситорадор оғоз гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии аниматсия.
  • Дар Русия рӯзи бибиҳо ва бобоён.
0