Боркаш дар роҳ. Акс аз бойгонӣ

Шоҳроҳи Бишкек-Ош баста шуд: тармафароӣ дар Сосновка

30
(Таҷдидшуда 12:25 23.12.2016)
Шоҳроҳи Бишкек-Ош ҳам барои автомашинаи сабукрав ва ҳам барои боркаш баста шуд

ДУШАНБЕ, 23 декабря — Sputnik. Дар пайи фаромадани тарма дар назоратгоҳи "Сосновка"-и шоҳроҳи Бишкек-Ош роҳи мошингард барои ҳама гуна воситаи нақлиёт баста шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Дар ҳоли ҳозир кормандони коммуналӣ шоҳроҳро аз барф тоза мекунанд.

Тарма дар масофаи 224-километрии шоҳроҳ фаромадааст. Дар пайи тарма мошини боркаши Mercedes ба садама дучор шуд. Мусофирон зарар надидаанд.

Чанде қабл дар бораи баста шудани роҳ аз соати 10.00 қарор қабул гардида, то 5-6 соат идома хоҳад кард. Минтақаи хатарнок барои ҳама гуна воситаи нақлиёт баста шуд.

Қаблан ин минтақаи шоҳроҳ то соати 5-и саҳар барои ҳама гуна воситаи нақлиёт баста шуда буд.

30
Барчаспҳо:
баста шудани роҳҳо, тармафароӣ, Ош, Бишкек, Қирғизистон
Мавзуъ
Ҳушдори КҲФ аз бориши борон, барфи тар ва фаромадани туман
КҲФ аз боришоти сахт ва шамоли шадид ҳушдор медиҳад
Дар КҲФ Тоҷикистон хадамоти психологӣ ташкил мешавад
Топор, архивное фото

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

320
(Таҷдидшуда 18:58 26.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷурми одамкушӣ, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, номбурда, рӯзи 21-уми октябр, дар бозори воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Хуҷанд, бо марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исфисор вохӯрдааст.

Онҳо дар яке аз ошхонаҳои бозори "Панҷшанбе" хӯрок ва нӯшокии спиртӣ истеъмол намуда, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматии марди 38-сола рафтаанд.

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

Ба иттилои ВКД, дар аснои даъвои маблағи пулӣ муноқиша ба миён омадааст, ки марди 38-сола аз анборхонааш табарро гирифта, 3 маротиба ба гардан ва сари марди 32-сола задааст.

"Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

320
Барчаспҳо:
боздошт, ВКД, Суғд, куштор

Заминҷунбии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро ҳам такон дод

794
(Таҷдидшуда 14:36 26.10.2020)
Бомдоди 26 октябр дар шимоли Тоҷикистон заминҷунбӣ ба амал омад, ки Фарғонаи Ӯзбекистон ва Ботканди Қазоқистонро низ такон дод

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Миёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон заминларзаи 4,6 баллӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Баҳри Миёназамин ва Урупо.

Заминҷунбӣ имрӯз соати 8:10 дақиқаи субҳ ба вақти Душанбе рух дод. Маркази заминларза дар умқи 10 километр ҷойгир шуда буд.

Маркази заминларза 16 километр дуртар аз қишқоли Қарокенҷи вилояти Суғд ва 125 километр дуртар аз Фарғонаи Ӯзбекистон ҷойгир шудаааст.

Ин заминҷунбиро ҳамчунин сокинони Ботканд ва Ӯши Қирғизистон низ эҳсос карданд.

Дар бораи талафоти ҷонию молӣ дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон хабар дода нашудааст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ин бора то ҳол чизе нагуфтааст.

Душанберо заминларза такон дод

Ёдрас мешавем, ки пештар рӯзи 16 октябр соати 15:10 бо вақти маҳаллӣ 295 километр ҷанубу шарқтар аз Душанбе зилзилаи 5 - баллӣ рух дода буд.

794
Барчаспҳо:
заминҷунбӣ дар Тоҷикистон, заминҷунбӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон

Шикори шабона: низомиёни русиягӣ дар Тоҷикистон бо "душман" даргир шуданд - видео

0
(Таҷдидшуда 19:41 26.10.2020)
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карда, душмани шартиро дар паи амалҳои вижа нобуд карданд

Тамриноти низомиёни пойгоҳи 201-ум дар размоишгоҳи Лоҳур шабона баргузор шуд.

Анҷоми тамриноти низомии панҷ ҳазор сарбоз дар Тоҷикистон

Дар тамриноти омӯзишӣ беш аз 500 низомиёни бахши туфангпаронии пойгоҳи 201-ум ширкат карданд.

Бино ба гузориши Округи марказии ҳарбӣ ҳамалот бар "душман" бо ёрии мушаки "Град" анҷом дода шуд.

"Душман нобуд шуд": Тирпарронии чархболи Ми - 24 дар Тоҷикистон - навори диданӣ

Дар баробари ин, дар ин тамринот мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, АГС-17 ва РПГ-7В ба кор бурда шуданд.

Ба ҳайати шахсӣ даст дод, то душмани шартиро хаста намуда, бо талафоти бузург аз ҷониби душман амалиётро анҷом диҳанд.

0
Барчаспҳо:
пойгоҳи 201, низомиён, тамринот, Тоҷикистон