Путин рӯзи душанберо дар Русия – рӯзи мотам эълон намуд

Обуна шудан
Оид ба суқути ҳавопаймои ҳарбӣ тафтишоти дақиқ гузаронида шуда, сабабҳои садама муайян карда мешавад ва ба наздикони ҳалокшудагон кӯмаки ҳамаҷониба расонида мешавад, гуфт Президенти ФР

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik.Рӯзи душанбе дар Русия оид ба қурбониёни суқути ТУ-154 рӯзи мотами умумимиллӣ эълон карда мешавад, гуфт президенти ФР Владимир Путин.

"Рӯзи душанбе — рӯзи момтами умумимиллӣ эълон мегардад",- изҳор дошт ӯ.

Суқути ҳавопаймои Ту-154 дар Баҳри Сиёҳ бодиққат тафтиш карда мешавад ва  оилаҳои қурбониён ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд карда шуд, хабар медиҳад РИА Новости аз суханони президент.

"Тафтишоти дақиқ гузаронидашуда, сабабҳои садама муайян карда мешавад ва ба наздикони қурбониёни ин фалокат кӯмаки ҳамаҷониба расонида мешавад",- изҳор дошт ӯ.

Вай ҳамчунин қайд намуд, ки ба Ҳукумат супориш дода шудааст, ки оид ба тафтишоти ин садама комисияи махсус ташкил диҳад; роҳбари онро вазири нақлиёт ба ӯҳда дорад.

Президенти ФР ба наздикони қурбониёни ин фалокат изҳори ҳамдардӣ баён намуд.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳии санаи 25-уми декабр ҳавопаймои ҳарбии Русия Ту-154 дар Сочӣ ба садама гирифтор шуд. Тайёра ба самти Алдер- пойгоҳи ҳавоии Хмеймим парвоз мекард.

Пас аз чанд дақиқаи парвоз ҳавопаймои Ту-154 аз радар нопадид шуд. Дар ҳавомаймо ҳамагӣ 92 нафар парвоз мекарданд, ки аз онҳо 8 нафарашон аъзоёни экипаж буданд. Дар байни қурбониён ҳунармандони ансамбли суруд ва рақси ба номи Александров ва журналистони телевизионҳои Русия низ буданд. Гурӯҳ барои бо Соли нав муборакбод намудани низомиёни Русия дар Хмеймим парвоз мекард.

Ғайр аз ин парвозро роҳбари фонди хайриявии "Справедливая помощь" Елизавета Глинка машҳур ба лақаби Доктор Лиза ҳамраҳӣ менамуд.

Лентаи хабарҳо
0