Ҷавонони Кобул худро дар назди оташ гарм мекунанд. Акс аз бойгонӣ

Ҳалокати 30 кӯдак аз хунукӣ дар шимоли Афғонистон

58
Дар шимоли Афғонистон на кам аз 27 кӯдак дар пайи хунукиҳои шадид ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар натиҷаи боришоти зиёди барф, дар деҳкадаи Ҷузҷон роҳҳои мошингард  миёни қишлоқ ва табобатхонаҳо баста шуданд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии Синхуа.

"На кам аз 27 нафар кӯдак аз хунукӣ дар деҳкадаи Ҷузҷони Афғонистон ба ҳалокат расиданд. Барфи зиёд роҳи минтақаро байни деҳа ва беморхона баст",-хабар дод раиси ноҳия-Раҳматулло Ҳашар.

Бориши барф, ки якчанд рӯз пеш оғоз шуд, ба ташаккули қабати нимметрии барф дар баъзе аз минтақаҳои вилоят оварда расонд. Марги кӯдакон дар фасли сармо дар Афғонистон ҳодисаи такрорӣ аст.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар пайи сардиҳои шадид, дар ВМКБ  ширкати "Помир Энерҷӣ" дар баъзе аз ноҳияҳо то 4 соат лимити барқ ҷорӣ намуд.

Директори генералии ширкати "Помир Энерҷӣ" Далер Ҷумаев изҳор дошт, ки дар пайи сардиҳо ҳаҷми оби дарёи Ғунд тақрибан ду маротиба кам шуда, имкон намедиҳад то кори нерӯгоҳи обии "Помир-1" ва "Хоруғ" бо пуррагӣ ба роҳ монда шавад.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед дар навбати худ қайд кард, ки сабаби дигари ҷорӣ намудани лимити барқ шояд интиқоли барқ ба ҳамсоякишвар Афғонистон бошад ва даъват намуд, ки дар навбати аввал бояд истеъмолкунандагони ватанӣ бо барқ таъмин шаванд.

58
Барчаспҳо:
барф, хунукӣ, 30 нафар ҳалок, ҳулокати кӯдакон, Афғонистон
Мавзуъ
Раҳмон бо сарвазири Шри- Ланка бори дигар аз вазъи сиёсии Афғонистон ёдовар шуд
Афғонистон: танҳо баробарию бародарӣ метавонад сулҳ биёрад
Путин:барои ҳалли мушкилоти Афғонистон, бояд қатъӣ амал кард
Кровать в номере, архивное фото

Боздошти боз як ҷавоне, ки дар Душанбе даст ба ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона задааст

480
(Таҷдидшуда 12:49 07.08.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 21-сола хабар дод, ки дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар пойтахти кишвар аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, санаи 6-уми августи соли 2020, хонаи истиқоматиаш дар кӯчаи М.Қурбонов воқеъбударо ба фоҳишахона табдил додаааст.

Инчунин ВУД қайд кардааст, ки номбурда барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 35 ва зани 38-солаи сокинони пойтахт дар хонааш шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

480
Барчаспҳо:
чолокӣ, ҷавон, нигаҳдорӣ, фоҳишахона, ВУД, Тоҷикистон
Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото

Отеллои тоҷик: мард ҳамсари 26-солаи худро аз рашк бӯғӣ карда кушт

567
(Таҷдидшуда 11:36 07.08.2020)
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 35-сола хабар доданд, ки ҳамсари ҷавони худро аз ҳисиёти рашк бӯғӣ карда ба ҳалокат расондааст

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Масъулини ВКД таъкид доштанд, ки номбурда, санаи 4-уми августи соли равон, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷавонзани 26-сола, аз ҳисиёти рашк ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки марди 35-сола баъдан, бо мақсади рӯйпуш кардани кирдорҳои ҷинояткоронаи худ, бо ресмон гардани марҳумро баста, ба сутуни хонаи истиқоматиаш овезон карда, ресмонро бурида ба наздиконаш нишон додааст, ки ҳамсараш ҷавонзани 26-сола худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.

Дар ҳоли ҳозир, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

567
Барчаспҳо:
зан, ҷавон, ҳалокат, ҳамсар, мард, боздошт, Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

0
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

0