Сардиҳо дар Афғонистон, акс аз бойгонӣ

Сардиҳо дар музофоти Бадахшон ҷони 19 нафарро рабуд

665
(Таҷдидшуда 16:45 05.02.2017)
Роҳбарияти музофоти Бадахшон кӯшиш дорад, роҳҳои 12 ноҳияи вилоятро, ки дар натиҷаи фаромадани тӯдаи барф маҳкам шудааст, тоза кунад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik.Дар ду рӯзи охир резиши барфи зиёд дар шимоли Афғонистон ҷони 19 нафарро рабуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Rueters.

Ба гуфтаи намояндаи губернатори музофоти Бадахшони Афғонистон Навид Фротан дар натиҷаи тарма 19 нафар вафот карда, 17 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Шумораи қурбониён аз ҳисоби  фурӯ рехтани бомҳо ва садамаҳои нақлиётӣ низ зиёд гардидааст.

Ҳоло роҳбарияти музофот кӯшиши барқарор намудани оқибатҳои ин офати табииро карда истодааст. Тарма 18 хоҷагиро ҳам вайрон кард. Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагон фаъолият дорад.

Дар натиҷаи офати табиӣ 250 автобус ва мошин дар роҳи Қандаҳор — Кобул  дар мондаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи резиши барф дар Тоҷикистон низ 8 нафар қурбон гаштанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода фармон дод, ки барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ аз тамоми воситаҳо истифода баранд.

665
Барчаспҳо:
резиши тӯдаи барф, хунукӣ, қурбонӣ, музофоти Бадахшон, Афғонистон
Американский морской пехотинец на территории посольства США в Багдаде, Ирак. 4 января 2019

Оғози ҷанг дар Ироқ ва бохти Амрико: асли воқеа чӣ гуна буд?

78
(Таҷдидшуда 17:46 13.08.2020)
Мудохилаи Амрико дар ҷанги Ироқ аз чӣ манша гирифт. Китобе, ки тоза дар Амрико вобаста ба ҳамин масъала нашр шудааст, бозгӯ менамояд, ки дар ҷанги Ироқ на танҳо номутобиқатии дастаи ҳокимони ҳамон замон - Ҷорҷ Буш ва дигарон буд, балки сабабҳои амиқтаре дорад

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Биёед аз нуқтаи назари нафаре ба ин масоил баҳогузорӣ кунем, ки амрикоӣ набошад. Ҷанги Ироқ ҷаҳону Амрикоро ба чӣ овард?

  • Аз ҳама муҳим ин ки, ба хаёлоти солҳои 90 - ум бобати ҳастии давлати абарқудрат, ки ҷаҳонро идора мекунад, нуқа гузошта шуд. Зеро ин давлат ба ҷаҳон нишон дод, ки дар қиболи давлати заиф неруманд аст ва метавонад онро шикаст диҳад, аммо ин ғалаба давлати ғолибро метавонад нест кунад.
  • Муайян гардид, ки шарикони наздик аз ҷумла Олмон ва Фаронса дар ин масъала метавонанд нуқтаи назари худ дошта бошанд. Агар зарур ояд, мавқеи Амрикоро нодида ҳам мегиранд.
  • Дигар ин ки, Амрико бо тамоми қудрату тавонмандии худ натавонист Ироқро шукуфон кунад. Аз ин рӯ, дигар давлатҳо дарк намуданд, ки Амрикоро натанҳо лозим, балки зарур аст, ки нодида бигиранд.

Китоби Драпер пеш аз ҳама ба мо як сюжети тасодуфиро нишон медиҳад: таназзули иттилооти Амрико. Маълум мешавад, ки дар охири солҳои 90-ум CIA бо маъмурияти Билл Клинтон то ба қисматҳо тақсим кардани оҷонсӣ мушкилот дошт. Аммо баъд аз он, ки 11 сентябри соли 2001 ҳамлаи террористӣ ба вуқӯъ омад ва сардори он замон Ҷорҷ Тенет аз нав эъдо кардани таъсир умед бахшид.

Ба ҳар ҳол, камбудиҳои CIA дар солҳои 90-ум сабабҳои худро доштанд ва хеле гуногун буданд, аммо баъдан вазъияти хандоваре аз ҷумла дар Шарқи Наздик ба миён омад, аз ҷумла норасоии мутахассисони соҳибақл ва қобилиятнок эҳсос мешуд. Ва он гоҳ Теннет бояд чизи мавҷуднобударо собит созад, яъне роҳбари Ироқ Саддом Ҳусейн дар иттифоқи махфӣ бо Алқоида, ки ҳамлаи террористии 11-уми сентябрро бар ӯҳда дошт ба муқобили Иёлоти Муттаҳида аслиҳаи қатли омро омода кардааст.

Акнун дар ин ҳолат системаи иктишоф чӣ гуна амал мекунад. Танҳо аз пеши худ чизи мавҷуднабударо мебофад ва кӯшиш мекунад, ки дигаронро бовар кунонад. Воқеан, вазъ дар муқоиса бо соли 2003 чандон тағйир наёфт, достони "дахолати Русия ба интихоботи Амрико" низ аз маводҳои беарзиш асос ёфта буд. Хулас, иктишофи боақлона ба давлат маблағи зиёд меораду, иктишофи аблаҳона мушкилоти зиёд.

Сафорати Русия дар Амрико гузориши Департаменти давлатиро оиди "таблиғот" шарҳ дод

Аммо нокомии як шӯъба он қадар даҳшатовар нест. Агар тими Ҷорҷ Буш ва аз ҷумла нафаронеро, ки ӯ сари мансабҳои калидӣ баргузидда буд, аз CIA маълумоти мавҷуднабударо талаб намекарданд, ин фалокат шояд рух намедод. Худи Тенет идораашро ба агентие ташкил дод, ки маълумот дар мавриди он ки Саддом Ҳусейн барои Амрико хатарзост, паҳн мекарданд.

Чаро онҳо ин корро карданд? Зеро онҳо идеологҳои глобализм буданд. Ҳатто дар вазифаҳои пешини худ, дар охири солҳои 90-ум, онҳо ба қабули "Санади озодкунии Ироқ" аз ҷониби Конгресс ноил шуданд, комиссияҳо таъсис доданд, ки дар асл, CIA-ро дар огоҳ накардани "таҳдид" аз Ироқ муттаҳам мекарданд. Хуб, вақте террористон ба Ню Йорк зарба заданд, кишвар ба ғазаби идоранашаванда мубаддал гашт, ки ҳамаи ин одамон наметавонистанд аз он сӯистифода накунанд.

Натиҷа: Бино ба гуфтаи Драпер, дар маъмурият оид ба оғози ҷанг дар Ироқ ягон мубоҳиса гузошта нашудааст. Сӯҳбатҳо танҳо дар бораи кай ва чӣ гуна буд.
Ҳамин тавр, вақте идеяҳо пешакӣ муқаррар карда мешаванд ва далелҳо бояд ба онҳо мувофиқат кунанд, инро ҷаҳолат ва таназзули синфи ҳукмронии давлат меноманд.

Агар президентҳо, сарвазирҳо ё подшоҳҳо ба андозае тағир ёбанд, пас миллат дар маҷмӯъ мушкилтар аст. Ин ғоя дар посухҳо ба китоби Драпер мунташир шудааст: "Ҷамъияти мо зидди зеҳнӣ аст", "мактабҳое, ки ба таълими таърих, ҷомеашиносӣ, фарҳанг машғуланд" дар бештар мавридҳо пул ҷамъ мекунанд ва ба таълимоти беасос мепардозанд....

78
Сломанный велосипед, архивное фото

Ронандае, ки дар Ашт дучархарони 60 - соларо пахш карда фирор намуд, боздошт шуд

182
(Таҷдидшуда 18:32 13.08.2020)
Сокини 60 - солаи ноҳияи Ашт, ки савори дучарха буд, зери чархи автомашинаи номаълум монда, ҷон бохтааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Кормандони пулис ахиран ронандае, ки дучархаронро дар ноҳияи Ашт пахш карда фирор намуд, боздошт карданд, хабар медиҳад котиботи ВУД.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 12 - уми август тахминан соати 05:25 дақиқа рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи номаълум дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дучархарон, Нурматов Ҷамолиддини 60 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст". - таъкид мешавад дар хабар.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд: ВУД аз қурбонии ҳодиса гуфт

Манбаъ меафзояд, Нурматов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Зимнан, кормандони милитсия муайян намуданд, ки ҷинояти мазкурро ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" Тураев Дилшодҷони 20 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ҳамин ноҳия содир намудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

182
Барчаспҳо:
ҳалок, дучархарон, садама, Ашт
Мужчина в защитной маске

Рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

98
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 38 мавориди ҷадиди мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бо илова шудани 38 мавориди ҷадид, ки шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд, теъдоди умумии гирифторон ба ин беморӣ 7950 нафарро ташкил медиҳад.

Бар хабари котиботи Вазорати тандурустии кишвар, дар муддати аз 30 апрел то санаи 13 августтеъдоди маризонро 7950 нафар ташкил дода, дар мамлакат 6741  (84,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд.

Фавти боз як дардманди коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Вазорат таъйид намудааст, ки шабонарӯзи гузашта аз ин маризи нафаре фавт накардаст ва теъдоди қурбониён 63 нафар аст.

"Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 86 нафар гумонбарон қарор дошта, 45 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд", омадааст дар хабар.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

98
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон