Сафари президенти ФР Владимир Путин ба Тоҷикистон

Путин: Русия муҳоҷиронро бо шароити муносиби кору зист таъмин мекунад

781
(Таҷдидшуда 20:06 27.02.2017)
Дар Русия барои таъмини шароити муносиби кор ва зисти муҳроҷирони меҳнатӣ чораандешӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Владимир Путин зимни изҳороти худ қайд кард, ки Русия барои таъмини шароити муносиб ба муҳоҷирон ҳаматарафа чораандешӣ мекунад.

Игорь Лякин-Фролов, акс аз бойгонӣ
© Фото : Официальная страница Посольства РФ в РТ в Facebook

"Тибқи ҳисоботи мо шумораи умумии муҳоҷирони тоҷик имрӯз дар қаламрави ФР-876 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Албатта пули равонкардаи онҳо барои иқтисоди мамлакат аҳамияти калон дорад. Танҳо соли гузашта ҳаҷми маблағи интиқолӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз 1,9 миллион зиёдтар шуд, ки ин сеяки ҳаҷми ММД-ро ташкил дод.

Бояд қайд кунам, ки дар Русия барои кор ва зиндагии муҳоҷирон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст: ҳузури муҳоҷирон дар давоми15 рӯзи аввали вуруд бидуни қайд, гирифтани патент ба мӯҳлати то 3 сол",-гуфт президенти ФР Владимир Путин.

Президенти Федератсияи Русия дар идомаи сӯҳбат қайд кард: "барои таъмини шароити мусоиди кору зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳифзи иҷтимоӣ ва кӯмаки тиббӣ дар Русия чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Барои ҳалли ин масъала аз ҷумла созишномаи махсус  миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба имзо расид".

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди авфи муҳоҷироне, ки бо сабабҳои номаълум аз Русия хориҷ карда шудаанд, пурсон шуд ва президенти ФР гуфт, ки ин масъала низ ҳал хоҳад шуд.

"Мо ин масъаларо баррасӣ кардем. Рӯи ин масъала дар мувофиқа бо президенти ҶТ кор хоҳем кард",-илова намуд Владимир Путин.

781
Барчаспҳо:
муҳоҷират, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Русия
Мавзуҳо:
Сафари президенти ФР Владимир Путин ба Тоҷикистон (17)
Конверт с деньгами, архивное фото

Мудир боздошт шуд: 49 300 сомонӣ пора гирифту ба Донишгоҳи тиббӣ дохил накард

1170
(Таҷдидшуда 19:25 28.11.2020)
Ожонсии зидди фасод аз боздошти мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 23 - и шаҳри Бохтар хабар медиҳад, ки дар гирифтани ришва муттаҳам дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Кормандони Ожонси зидди фасод, Сафарова Латофат Саъдиевнаро боздошт намуданд, ки дар фиреби як зан муттаҳам дониста мешавад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда дар вазифаи мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар кор мекард.

Ӯ бо истифода аз мақоми хизматиаш аз шаҳрванд Раджабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 дар се ҳолат маблағи умумии 49 ҳазору 300 сомониро талаб карда гирифта буд.

Ятимов боздошт шуд: замин ваъда доду беш аз 1 миллион сомонии 6 корафтодаро азхуд кард

Манбаъ меафзояд, Сафарова маблағи мазкурро гирифта ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накардааст.

Ҳоло нисбати Сафарова Л.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба суд ирсол шудааст.

1170
Барчаспҳо:
пора, боздошт, мудир
Баховаддин Баходурзода, исполняющий обязанности председателя города Исфара

Талоши оромии марз: раиси нави Исфара гуфт як рӯзи ҳафтаи корияшро дар Ворух мегузаронад

307
(Таҷдидшуда 19:24 28.11.2020)
Шаҳрдори нави Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, дуввумин рӯзи кории худро бо боздиду шиносоӣ ва санҷиши раванди корҳои сохтмониву омӯзиши мушкилоти иҷтимоии сокинони ҷамоат ва вохӯриву мулоқотҳо бо мардуми деҳоти Ворух гузаронидааст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешавев, Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот гуфтааст, Ворух мариди таваҷҷуҳи махсуси раҳбарияти кишвар аст.

Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот бо сокинон гуфтааст, барои расидагӣ ба мушкилоти мардуми минтақа дар навбати худ гуфтааст, минбаъд ӯ як рӯзи ҳафтаи кории худро дар Ворух хоҳад гузаронид.

Ҳамзамон зимни мулоқот мардум ва шаҳрдор пиромуни масъалаҳои муҳими аҳамияти сиёсию стратегидоштае чун бунёди роҳи мустақими Ворух, ҳалли масъалаи чарогоҳ, пешгирии ҳолатҳои номатлуби рабуда шудани чорвои мардум аз ҷониби ҳамсоягон, баргардонидани чорвои қабалан рабудашуда гуфтугӯ кардааст.

Таъмиру азнавсозии қитъаҳои муайяни ноободи роҳи Исфара-Ворух, ҳуҷҷатгузории қитъаи азнавсозишудаистодаи кӯчаи ҳамшафати кӯдакистони деҳа, бунёди корхоҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳа, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони корхонаю ташкилотҳои шаҳрӣ ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли саривақтии арзу муроҷиатҳои ворухиён, таъсис бахши идораи нотариалӣ дар деҳаи Ворух бо мақсади хотима додани сарсониҳои мардум ба марказ низ аз масоили гуфтугӯи шаҳрдор бо сокинон будааст.

Аз оҳангарию боғдорӣ то оши девзираи Исфара: филми “Чоркӯҳ” намоиш дода шуд

Манбаъ мегӯяд, азбаски  Баҳоваддин Баҳодурзода қаблан джар вазифаи муовнии раиси вилоят буду бо вазъи ин минтақа огоҳ аст, ворухиён умед доранд ба мукилоташон расидагӣ мекунад.

Минтақаҳои Ворух ва Чоркӯҳи Исфараи Тоҷикистон дар марз бо Қирғистон қарор дорад, ки аз ҳисоби заминҳои тақсимношуда сари ҷанд муддат ихтилофоте сар мезанад ва ҳатто кор то тиркушоӣ мерасад.

Об, роҳ, замин: мушкилоте, ки сокинони Чоркӯҳ аз Аҳмадзода тақозои ҳаллашро мекунанд

Ихтилофҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои 70 – 80–и асри гузашта идома дорад. Ду кишвар дар ҳоли ҳозир комиссияеро барои таъйин ва аломатгузории марзҳо эъзом кардаанд.

307
Барчаспҳо:
мулоқот, раис, Ворух, Исфара, Суғд, Тоҷикистон

Дар Хатлон 941 иншооти тандурустӣ бунёду навсозӣ мешавад

0
(Таҷдидшуда 20:57 28.11.2020)
Дар вилояти Хатлон бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон бунёди 941 иншооти тандурустӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар вилояти Хатлон 532 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Манбаъ аз қавли шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод, то ҷашни Истиқлол дар вилоят бунёду навсозии 941 иншооти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст, ки наздики 70 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

“Аз ҷумла, 27 беморхона, 55 маркази саломатӣ, 159 бунгоҳи тиббӣ, 142 нуқтаи хатнакунӣ, 14 таваллудхона ва 135 дорухона дар хизмати аҳолӣ қарор дода шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки айни ҳол сохтмони иншооти калонҳаҷм, аз қабили бинои Маркази перинаталӣ ва Маркази табобатии бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар, Беморхонаи бисёрсоҳа бо 200 кати бистарикунонӣ ва Маркази саломатӣ барои қабули 300 бемор дар ноҳияи Қубодиён, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияи Данғара ва Беморхонаи рақамӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбист.

Инчунин, дар деҳот сохтмони бунгоҳ ва марказҳои саломатӣ идома дорад.

Нашрия зикр намудааст, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 115 муассисаи сохтори госпиталӣ ва 41 муассисаи амбулаторию госпиталӣ фаъолият менамоянд.

0
Барчаспҳо:
сохтмон, Тоҷикистон