Мошини ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ

Таркиш дар Бритониё: 30 нафар захмӣ шуд

125
(Таҷдидшуда 12:31 26.03.2017)
Дар паи таркиши балони газдор дар Бритониё зиёда аз 30 нафар захмӣ шуда, ҳолати ду кас вазнин арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости дар қисмати ғарбии Бритониё таркиш ба амал омадааст.

Таркиш дар яке аз хонаҳои шаҳри Бебингтони Ливерпул ба вуқӯъ пайваст. Дар натиҷаи таркиш зиёда аз 30 нафар захмӣ шуда, ҳолати ду кас вазнин арзёбӣ мешавад.

Би-би-си хабар медиҳад, ки дар дохили бино ансамбли рақсӣ ва тарабхонаи чинӣ ҷойгир шудааст. Замони таркиш дар дохили бино меҳмонони зиёде қарор доштаанд.

Ба ҷои ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳозир шудаанд. 

125
Барчаспҳо:
фоҷиа, таркиш, Бритониё