Заминларза дар Чин

Заминларза дар Чин ҷони ҳашт тоҷикро гирифт

177
(Таҷдидшуда 12:57 11.05.2017)
Дар паи заминларзаи шадид дар ноҳияи худгардони тоҷикони Чин ҳашт кас куштаву 23 кас захмӣ ва садҳо хона вайрон шудаанд

ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Имшаб дар ноҳияи худгардони тоҷикони Чин заминларзаи шадид рух дод.

Бино ба гузориши хабаргузории чинии Синхуа дар натиҷаи ин заминларза, ки шиддати он 5,5 дараҷа буд, ҳашт кас ҷон бохтаанд.

Хабаргузорӣ меафзояд, ки дар паи ин заминларза як ҳазору панҷоҳу ду хона вайрон ва беш аз 23 касро захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки конуни заминларза дар жарфои 8 килуметр аз рӯи замин ҷой доштааст.

Мақомоти маҳаллӣ аз маҳалли зилзилазада 9,2 ҳазор шаҳрвандро ба ҷойҳои амн кӯчонидаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон панҷ бор заминларза рух дода буд, ки дар паи яке аз онҳо ду хона дар ноҳияи Лахш хароб шуда буданд.

 

177
Барчаспҳо:
8 кас ҳалок, 5,5 балл, заминларза, Чин
Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон (20)
Мавзуъ
Заминҷунбӣ, сел, сангрезиш: супориши Э.Раҳмон барои ҳисоби хисороти Лахш
Аз заминҷунбӣ дар Тоҷикистон касе осеб надидааст