Садамаи нақлиётӣ дар Туркия

23 гардишгар дар Туркия дар паи сарозер шудани автобус кушта шуданд

60
(Таҷдидшуда 14:47 14.05.2017)
Автобуси гардишгарӣ дар шоҳроҳи Измир - Мармарис дар яке аз гардишҳои роҳ ба дараи 15-метрӣ сарозер шуда, боиси ҳалокати 23 кас шудааст

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputniк. Дар минтақаи ҷанубу ғарбии Туркия автобуси гардишгарӣ дучори садама шудааст.

Бино ба додаҳои ВВС, бештари мусофирон сокинони маҳаллӣ аз шаҳри Измир будаанд. Аксарияти онҳо занон ва кӯдакон буда, ки барои гардиши якрӯза ба шаҳри Мармарис мерафтаанд.

Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистонӣ дар минтақаи Муғла — Мармарис автобус дар гардише ба дара сарозер шудааст. Бино ба иттилоъи расонаҳои маҳалллӣ, автобус ба жарфои 15-метрӣ афтода ва бо худрав бархӯрдааст.

Дар паи садама 23 кас кушта ва ҳашт кас захмҳои гуногун бардоштанд. Пизишкон вазъи захмиёнро бад арзёбӣ кардаанд.

Death toll in a bus accident in the resort district of #Marmaris located in the #Aegean province of #Muğla has risen to 23#Turkey

Ба гуфти устондори Муғла Амир Чечек, сабаби аслии садама то ҳол маълум нест. Эҳтимол меравад, ки ронанда фармони автобусро аз даст дода ва ё дар гардиш яке аз чархҳои автобус аз кор боз мондааст.

"Эҳтимолан ҳангоми гардиш бо сабабҳои фаннӣ автобус сарозер шудааст", — мегӯяд муовини устондор Комил Кӯтен.

Ба гуфти ӯ аксарияти кушташудагон занони миёнсол буданд.

Bus crash near Turkey's Marmaris kills 23 people https://t.co/BIkYI0x14p pic.twitter.com/kIS9iJiWDL

​Раисҷумҳури Туркия ба наздикон ва хешовандони кушташудагон таслият арз карда аст.

"Ман аз садама дар Мармарис, ки боиси марги шаҳрвандони зиёд шуд, бисёр ғамгинам. Ба хешовандон ва аҳлу оилаи кушташудагон таслият арз мекунам ва ба захмишудагон шифои комил орзу дорам", — омадааст дар номаи таслияти Раҷаб Тайиб Ӯрдуғон.

Ӯрдуғон изҳори боварӣ кардааст, ки мақомоти дахлдор дар муддати кӯтоҳ пайомадҳои садамаро бартараф мекунанд.

60
Барчаспҳо:
ҳашт кас захмӣ, 23 мусофир, ҳалокат, садама, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Туркия
Мавзуъ
Инфиҷоре дар шаҳри курднишини Диёрбакр дар Туркия
Террористи узбек дар Туркия дастгир шуд
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт

266
(Таҷдидшуда 23:48 06.06.2020)
Баҳрин нахустнабераи шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар синни 42 - солагӣ аз олам ҷашм пӯшид. Иллати марги ӯ маризии гурда арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хабари фавти бармаҳали Баҳрин - нахустнабераи Мӯъмин Қаноат шоири зиндаёдро адиби тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар сафҳаи Фейсбукии худ коридаст.

акс аз сафҳаи фейсбукии Комилзода Аҳмадшоҳ
Баҳрин нахустнабераи Мӯъмин Қаноат

Ба навишати Комилзода, набераи устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ 42 - сол умр дошта, бар асари бемории шадиди гурда, рӯзи 6 - уми июн аз олам чашм пӯшид. 

"Баҳрин ҷавони донишманд, донанда ва тарҷумони хуби се забон – порсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд, ки бо ин се забон кору тарҷума мекард", - навиштааст Комилзода.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Аз марҳум ду фарзанд Суруш ва Мумтоз, ки яке 15 - сола ва дувумӣ 13 - солаанд, ятим монданд.

Дӯстони Баҳрин, даргузашти ӯро ҳамчун шахсияти соҳибхираду соҳибғурур ва нафари ботамкин, як мусибати бузурги ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.

266
Девушка в наручниках, архивное фото

Боздошти духтари 22 - сола, ки шиносашро нахуст кӯфт ва сипас мӯяшро қайчӣ зад - навор

2466
(Таҷдидшуда 23:13 06.06.2020)
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ муаллифони навори даҳшатборро боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik.Наворе, ки бегоҳи рӯзи 6 - уми июн ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ,аксари корбаронро аз тарзи рафтор ва гуфтори се ҷавондухтар ғазабонӣ кард.

акс аз дафтари матбуоти Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе
Холиқова Шаҳноза Саидмуродовна гумонбари асосӣ дар латукӯби Ваҳобова Гулнора

Котиботи Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе менависад,  навори мазкурро корбарон ба идораи пулис таслим намуда, дархост карданд, ки дастандаркорони ин навор дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Авбошӣ: боздошт гардидани ноболиғ барои латукӯби ҳамсоли худ дар Душанбе

Кормандони РУД дар шаҳри Душанбе тақрибан пас аз 20 дақиқаи ба шабакаҳо роҳ ёфтани навор, муаллифони онро боздошт карданд. Навор аз саҳнаи латукӯб ва ҳақоратҳои гӯшхарош иборат аст.

Бар тибқи иттилои манбаъ, се ҷавонзан: ҷабрдида – Ваҳобова Гулноза, гумонбар – Холиқова Шаҳноза ва наворбардор – Дадахонова Мадина бо ҳам шинос буда, макони содиршавии ҳодиса манзили истиқоматии гумонбар Холиқова Шаҳноза мебошад.

Тибқи пурсиши ҷабрдида, гумонбар ва нафари сеюм, нахуст байни онҳо баҳси лафзӣ сурат гирифта, баъдан дастгиршуда Холиқова ҷабрдидаро мавриди латукӯб ва дашному ҳақорат қарор дода, бо истифода аз қайчӣ мӯи сари ӯро мебурад.

"Дар ин лаҳзаҳои мудҳиши ҷиноӣ шаҳрванд Дадахонова Мадина ба ҷои халос кардан, баръакс ин саҳнаи хушунатро ба навор гирифта, нахуст дар саҳифаи шахсиаш дар Инстаграм гузошта, сипас тавассути дигар шабакаҳо паҳн менамояд", - таъкид мешавад дар хабар.

РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, дар асоси далелҳои дар боло овардашуда, айни ҳол нисбати гумонбарон тибқи талаботи моддаи 237 (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбари асосӣ Холиқова Шаҳноза Саидмуродовна дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

2466
Барчаспҳо:
навор, латукӯб, духтар, Раёсати ВКД Душанбе, боздошт