Кандашавии карусел дар боғи Навоӣ: даҳ кас бистарӣ шуд

© © Sputnik / Табылды Кадырбеков Карусель, архивное фото
Карусель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоми дирӯз дар боғи Навоӣ занҷири карусел канда шуда, даҳ нафарро бистарӣ кард

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Бино ба иттилоъи Sputnik Қирғизистон ҳодиса шоми дирӯз, 14 май дар шаҳри Ош ба вуқӯъ пайваста, дар паи он зиёда аз 10 нафар захмӣ шудаанд.

Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷаи канда шудани занҷираи карусел чор нафар дар табобатхона бистарӣ гардида ва як кас дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.

"Занҷири аттраксион вақти чархзанӣ канда шуд. Чанд нафар захмӣ гардид. Айни ҳол ҳодиса омӯхта мешавад",-шарҳ доданд кормандони мақомоти шаҳрӣ.

© © Фото / Зульфия Тургунова Кандашавии занҷира дар боғи Навоӣ
Обрушение карусели в Кыргызстане - Sputnik Тоҷикистон
Кандашавии занҷира дар боғи Навоӣ

Ҳангоми канда шудани занҷира дар карусел зиёда аз 10 нафар, аз ҷумла кӯдакон қарор доштанд.

Бино ба додаҳои расонаҳои маҳаллӣ шаш нафар дар паи бардоштани ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистраӣ гардида, ҳолати яке аз беморон — зани соли таваллудаш 1980 вазнин арзёбӣ мешавад.

Расонаҳо аз ҷои ҳодиса навореро нашр кардаанд, ки дар он маълум аст, чӣ гуна шоҳидон кӯшиш доранд ба ҷабрдидагон кумак кунанд.

Лентаи хабарҳо
0