Тракторрон

Кори саҳро тракторрони 30-соларо ба ҳалокат расонд

115
(Таҷдидшуда 14:48 16.05.2017)
Сокини 30 солаи шаҳри Роғун ҳангоми ҳамвор кардани заминҳои деҳаи Ҳуснобод бо трактор аз баландии 30 метр сарозер шуда ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Ба иттилоъи равобити умуми вазорати корҳои дохилаи ҶТ фоҷиа дирӯз, 15 май тахминан соати 19:30 ба вуқӯъ пайваст.

Ронандаи трактори тамғаи "ЛҶ-993" ҳангоми ҳамвор кардани заминҳои ҳудуди деҳаи Ҳуснободи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз баландии 30 метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа, тракторрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

115
Барчаспҳо:
ҳалокати тракторрон, ВКД-и Тоҷикистон, Роғун, Тоҷикистон