Тарикш дар Бритониё. 19 кас ҳалок

Фоҷиаи шоми душанбе: таркиш дар Бритониё ҷони 19 касро гирифт

61
(Таҷдидшуда 12:32 23.05.2017)
Шоми рӯзи душанбе дар толори консертии "Манчестер Арена" таркиш ба амал омада дар паи он 19 кас ҳалок ва 59 тани дигар захмӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар майдони Манчестери Бритониё таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки ҷони 19 касро гирифт.

Ин таркиш баъди инфиҷор дар метрои Бритониё, ки соли 2005 ба амал омада ҷони 50 нафарро гирифта буд, бузургтарин шумурда мешавад.

Шоми рӯзи душанбе дар майдони "Манчестер Арена" —и Бритониё овозхони амрикоӣ Ариана Гранде ҳунарнамоӣ кард. Зангҳои аввалин ба нуқтаи ёрии таъҷилӣ соати 22.35 (02.35 душ), ба қайд гирифта шуд.

"Шикастам. Ман хеле ғамгинам. Ман гап надорам", — навиштааст сарояндаи амрикоӣ Ариана Гранде дар саҳифаи худ.

Қаблан намояндаи сароянда хабар дод, ки Ариана аз таркиш осеб надидааст.

 

61
Барчаспҳо:
59 тан захмӣ, 19 кас ҳалок, инфиҷор, Бритониё
Мавзуъ
Таркиш дар Бритониё: 30 нафар захмӣ шуд
ДТП, архивное фото

Марги ду сокини Чорсӯ дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ: яке ронанда буду дигараш мусофир

467
Ронандаи худрави "Опел - Вектра" аз ӯҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, ба автомашинаи дигар бархӯрд

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар роҳи мошингарди "НФС - Ориё, дар ҳудуди деҳоти Бостон рух дод, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сонеҳаи нақлиётӣ рӯзи  23 - юми октябр, тахминан соатҳои 15:30 дақиқа рух дод.

Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Қурбонов Сафари 72 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Чорсӯи шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи нақлиётгарди "НФС-Ориё", дар ҳудуди деҳоти Бостон аз роҳи дуюмдараҷа ба роҳи асоси баромаданаш ба автомашинаи тамғаи "Опел-Зафира" бархӯрд.

Нохушӣ дар оилаи Ҳошимов: ҳалокати ду бародар дар пайи садама дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд"

Сари идораи ин худрав Авлиёқудов Шаҳрихони 20 - сола, сокини шаҳри Душанбе қарор дошт. Номбурда бо роҳи асосӣ аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард.

Дар натиҷа ҳардуи автомабилҳо зарари техники дида, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Қурбонов ва мусофири автомашинаи мазкур, Сафаралиев Гурез, соли таваллудаш 1941, сокини ҷамоати деҳоти Чорсу, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

467
Барчаспҳо:
бархӯрди худравҳо, нақлиёт, роҳ, садама
Нож в руке, архивное фото

Тафтиши кордзанӣ аз пушт дар ноҳияи Рӯдакӣ

237
(Таҷдидшуда 20:55 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки 21-уми октябр дар ноҳияи Рӯдакӣ як ҳодисаи кордзанӣ сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, марди ҷабрдида ба идораи милиса муроҷиат карда, арз доштааст, ки шоми 21 октябр аз дасти марди 36-сола корд хӯрдааст.

"Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 21-уми октябри соли 2020, тахминан соати 18:00 марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳури ҳамин ноҳия дар саҳни ҳавлиаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоҳур бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба пушташ задааст", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

237
Члены террористического движения Талибан в Афганистане

Толибон раиси як минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистонро рабуданд

0
(Таҷдидшуда 18:53 24.10.2020)
Давраи навбатии тақобули толибҳо ва ҳукумати Афғонистон дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон: мансабдори минтақавӣ дуздида шуд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Толибон иҷрокунандаи вазифаи раиси Ишкошимро дар музофоти шимолии Таҳор рабуданд, хабар медиҳад нашрияи Ariana News.

Саифурраҳмон аз ҷониби ҷангиён рӯзи панҷшанбе соатҳои 16:00 дуздида шудааст.

Бино бар иттилои шоҳидон, толибҳо мансабдорро вақте ки аз ҷои кор ба манзилаш бармегашт, бурдаанд.

Котиби матбуоти полиси Таҳор Халил Асир далели дуздида шудани раиси Ишкошимро таъйид кард, аммо аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ намуд.

“Толибон қудрат мехоҳанд, на сулҳ! Амрико моро фиреб дод” – мусоҳиба бо Фаҳими Куҳдоманӣ

Ин ҳодисаро бо муташанниҷ шудани тақобули толибҳо ва қувваҳои ҳукуматӣ дар минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, аз ҷумла музофоти Таҳор иртибот медиҳанд, аммо тасдиқи расмии ин маълумот нест.

 

0