Қурутоб, акс аз бойгонӣ

Хусумати хонаводагӣ: зане бо заҳр ду хешованди шавҳарашро кушт

512
(Таҷдидшуда 14:00 23.06.2017)
Арӯси хонавода аз нахустин рӯзҳои хонадорияш хешовандони шавҳарашро бад дидааст. Аз ин рӯ, бори нахуст ҳанӯз дар соли 2014 бародари ҳамсарашро бо заҳр мекушад

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз бадбиниву душмании марговар дар як хонавода иттилоъ медиҳад.

Бино ба гузориши вазорат, зане дар ноҳияи Панҷ аз сари бадбинӣ нисбат ба хешовандони шавҳараш чанд бор онҳоро заҳр хӯронда аст, ки дар натиҷа 2 тан аз онҳо ҷонашонро бохта ва 20 кас сахт заҳролуд шудаанд.

Чунончӣ, ин зан бори нахуст дар соли 2014 барои хешовандонаш қурутоб омода карда онро бо доруи ҳашаракуш заҳролуд мекунад.

"Пас аз хӯрдани қурутоб бародари шавҳараш — марди 39-сола, ҳамсари ӯ — зани 34-сола, фарзандонашон духтарчаҳои 9-сола, 6-сола ва 4-сола, бародарзодаашон ҷавони 19-солаи сокини Душанбе, марди 38-солаи сокини деҳаи Сафедорон ва марди 36-солаи сокини шаҳраки Панҷ заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ гардидаанд", — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Аз он пас он зан кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, рӯзи 7-уми сентябри соли 2014 хамири нонро бо доруи ҳашаракуш олуда кардааст. Дар паи хӯрдани нон ҳамсари бародари шавҳараш зани 34-сола бо фарзандонаш ва хоҳари шавҳараш зани 26-сола заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии Панҷ бистарӣ гардида, духтарчаи 4-солаашон дар ин бемористон дар гузаштааст.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард
© Фото : Пресс служба посольства США в Таджикистане

Он зан аз ин ҷиноят ҳам қонеъ нашуда, ҳамон рӯз  барои маросими серӯзагии тағои шавҳараш 20-то кулча пухта, ки он ҳам бо доруи ҳашаракуш заҳролуд будааст.

Касоне, ки аз кулчаҳо хӯрда буданд — зани 38-сола, ҷавондухтари 21-сола, зани 52-сола, ҷавондухтари 23-сола, зани 54-сола, зани 55-сола ва писарбачаи 7-сола заҳролуд шуда, дар бемористони Қӯрғонтеппа бистарӣ шудаанд.
Барои бозҷӯии ҷиноёти ин зани муттаҳам парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 2 Қонуни кайфарии ҶТ оғоз шудааст.

512
Барчаспҳо:
заҳролудкунӣ, зан, ҳамсар, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

124
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

124
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото

Таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт

125
(Таҷдидшуда 18:55 28.09.2020)
Музофоти Қундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, минаи сарироҳӣ инфиҷор шудааст. Дар натиҷа чанд кас бар асари таркиш ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дасти кам 4 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад шабакаи Shamshad News.

Ба иттилои манбаъ, таркиш дар вулусволии Алиобод дар музофоти Қундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст.

Бар хабари маълумоти расмӣ, минаи сарироҳӣ асное ба кор даромад, ки воситаи нақлиёт убур кард. Ба эҳтимоли зиёд, минаро Ҷангиёни ҳаракати Толибон гузошта буданд.

Ҳушдори гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон

Пизишкон фавти чаҳор нафаро расман тасдиқ намуданд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар аз ҳалокати 6 нафар хабар доданд.

Алъон ҷангиёни Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтанд.

125
Барчаспҳо:
мина, таркиш, Афғонистон