Гург, акс аз бойгонӣ

Кӯдакеро дар Шуғнон гург куштааст

220
(Таҷдидшуда 17:50 04.07.2017)
Ин фоҷеъа аввали моҳи июл дар деҳаи Имом-даргоҳ аз рустоҳои ноҳияи Шуғнон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додааст.

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз куштани шудани кӯдаке дар ҳамлаи гургон хабар медиҳад.

Ин фоҷеъа аввали моҳи июл дар деҳаи Имом-даргоҳ аз рустоҳои ноҳияи Шуғнон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додааст.

"Гургҳо ба писараки дусола, ки дар назди хонаашон бозӣ мекарда, ҳамла кардаанд. Ин фоҷеъа соатҳои 15 рӯз иттифоқ афтодааст. Кӯдак аз захми дандони гург ҷонашро бохтааст", — тавзеҳ медиҳад вазорат.

Гуфта мешавад, ки он кӯдак Муҳаммадназар ном дошта ва падару модараш ҳамакнун дар Русия кор мекунанд. Ӯро бобову бибиаш тарбия мекардаанд. 

Аҳолии маҳаллӣ мегӯянд, ин авхоир мавориди ҳамлаи гургон ба ҷорвои хонагӣ бисёр шудааст. 

"Дар он русто бузу гӯсфанде намондааст", — мегӯяд яке аз аҳолии деҳи Имом-даргоҳ.

Бархе аз бадахшониён ҳамчунин мегӯянд, ки гургон дар водии Бартанг низ чорвои мардумро талаф кардаанд.

Гуфта мешавад, ки шикори ин дарандаҳо мамнуъ аст ва барои куштани гург ҷарима ҳам ситонда мешавад.

220
Барчаспҳо:
гург, кӯдак, гург, кӯдак, ҳамла, Шуғнон, ВМКБ, Тоҷикистон