Рубли русӣ, акс аз бойгонӣ

Бонк нест: сокини ноҳияи Рӯдакӣ хост 2,5 милюн рублро зери либосаш Маскав барад

129
(Таҷдидшуда 16:33 22.07.2017)
Дар фурудгоҳи Душанбе марде боздошт шуд, ки мехост бо роҳи пинҳоӣ 2,5 милюн рублро ба Русия барад

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik.  Тавре Хадамоти гумруки Тоҷикистон итилоъ медиҳад, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қочоқи 2,5 милюн рубл аз Тоҷикистон ба Русия пешгирӣ карда шуд.

Яке аз мусофирони парвози Душанебе — Маскав  парешонҳол менамуд ва аз ҳамин сабаб диққати кормандони гумрукро ҷалб кард.

Чуноне ки кофтукоби сокини ноҳияи Рудакӣ дар ҳузури шоҳидон нишон дод, мард зери либосаш 2,5 милюн рубли русиро пинҳон кардааст, ки он дар ҳуҷҷате нишон дода нашуда буданд.

Нисбати гумонбаршаванда парвадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишотро Додситонии нақлиётии Тоҷикистон идома медиҳад.

129
Барчаспҳо:
қочоқ, рубли русӣ, Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, мусофир, Тоҷикистон