Худрави ёрии таъҷилӣ дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Инфиҷор дар Кобул беш аз 20 кушта ва 22 захмӣ бар ҷой гузошт

78
(Таҷдидшуда 12:37 24.07.2017)
Ҳамлаи маргҷӯёна дар назди манзили нахуствазири Афғонистон Муҳаммад Муҳаққиқ рух додааст

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Шабакаи телевизюнии "Тулуъ" бо такя ба иттилоъи нахуствазирии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хабар медиҳад, ки дар паи ҳамлаи интиҳорӣ беш аз 20 кас ҷон бохт.

Пештар дар бораи кушта шудани даҳ кас хабар дода шуда буд.

Хабаргузории "Пажвок" дар бораи 20 тан кушта ва 22 захмӣ иттилоъ медиҳад.

Бино ба додаҳои шабакаи 1TV ва ВКД Афғонистон 12 кас дар паи таркиш ҷон бохтааст.

Ҷангҷӯи худкуше субҳи имрӯз дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Кобул савори худраве худро тарконидааст. Инфиҷор дар назди манзили нахуствазири Афғонистон Муҳаммад Муҳаққиқ рух додааст.

Масъулияти ин инфиҷорро гурӯҳи тундрави "Толибон" бар уҳда гирифт.

78
Барчаспҳо:
22 тан захмӣ, 20 кас ҳалок, инфиҷор, Афғонистон
Мавзуъ
Деворнигораҳои Кобул - роҳи наҷоти занони Афғонистон аз даҳшати ҷанг
Пайомадҳои сел дар Дарвоз: 14 куштаву 20 захмӣ дар Афғонистон
Коршинос: ҷанг дар Афғонистон намегузорад ки Тоҷикистон тарҳҳояшро дар Осиё густариш диҳад
Сели Афғонистон ҷони чаҳор нафарро гирифта ҳафт касро маҷрӯҳ кард