дор. Акс аз бойгонӣ

Фоҷиа дар Суғд: марде пас аз худкушии писараш худро ба дор овехт

219
Ҳафтае пеш ин мард писари 25-солаи худро аз даст дод. Айни замон мақомоти интизомии вилоятӣ сабаби худкуширо муайян мекунад

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Марде дар шимоли Тоҷикистон пас аз худкушии писараш худро ба дор овехтааст.

Бино ба иттилоъи ТоҷикТА. фоҷиа дар вилояти Суғд ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҳафтаи пеш писари Зиёдулло Сангинов худро ба дор овехта буд. Ӯ сарбоз буд ва дар қисми меъмории артиши Тоҷикистон хизмат мекард. Ва мувофиқи тақсимот ба қисми ҳарбии шаҳри Хуҷанд афтод.

Сабаби худкушии ҷавони тоҷик номаълум монд. Акнун падараш аз ғами писари 25-солаи худ ҷон ба ҳақ супурд.

Айни замон мақомоти интизомии вилоят дар паи маълум кардани сабаби худкушӣ шудааст.

219
Барчаспҳо:
падару писар, худкушӣ, Суғд
Мавзуъ
Рашк, ҷанҷол, куштор: тавзеҳи мақомоти Русия дар бораи ҳалокати муҳоҷири тоҷик
Дар вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми куштор дастгир гардид
Собиқ роҳбари гӯристон дар ташкили куштор айбдор мешавад