Самолет Як-12, акс аз бойгонӣ

Сарнагунии ҳавопаймо дар Қазоқистон ҷони ду касро гирифт

31
(Таҷдидшуда 11:48 27.07.2017)
Ду сарнишин дар натиҷаи сарнагун шудани ҳавопаймои Як-12 Дар Қазоқистон ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 27 июл— Sputnik. Бино ба иттилоъи Кумитаи ҳавонавардии кишварии Қазоқистон, ҳавопаймои Як-12 дар қаламрави вилояти Алмаато сарнагун шудааст.

"27 июл ҳавопаймои Як-12 аз ширкати "КазАвиа" дар ноҳияи Панфилови вилояти Алмаато, дар 10-килуметрии Жаркент суқут кард. Ҳар ду сарнишини ҳавопаймо дар ин садама ҷон бохтанд", — омадааст дар гузориш.

 

Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо киштзори ҷуворимаккаро дору мепошидааст. Ҷузъиёти ин ҳодиса бозҷӯӣ мешаванд.

Сарнагунии ҳавопайморо намояндаи расмии Кумитаи авзоъи изтирории Қазоқистон Руслан Имонқулов дар суҳбат бо Sputnik Қазоқистон таъйид карду гуфт, субҳи рӯзи 27 июл дар  дар ноҳияи Панфилови вилояти Алмаато ҳавопаймои Як-12 суқут кард.

"Ҳавопаймо ду сарнишин дошта ки ҳар ду дар садама ҷон бохтанд", — гузориш дод Имонқулов.

31
Барчаспҳо:
ҳалокати ду кас, суқути ҳавопаймо, МЧС-и Қазоқистон, Қазоқистон
Мавзуъ
Нахустин худравҳои сохти Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристода шуданд
Нахустин қатори мусофирбари Душанбе - Остона ба пойхати Қазоқистон расид
Кӯшиши интиқоли 300 кг нос ба Қазоқистон пешгирӣ шуд