Фоҷиъа дар Ванҷ: ғарқ шудани ронанда ва се мусофир дар рӯди Язгулом

© Sputnik / Лев Устинов / Гузариш ба медиабонкДолина реки Ванч. Архивное фото
Долина реки Ванч. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи чаппа шудани худрав дар рӯди Язгулом чор кас ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, дар паи ҷустуҷӯ ҷасади ронанда ёфт шуда, ҷасадҳои мусофиронаш ҳануз пайдо нашудаанд.

Ҳодиса рӯзи 6 август, тахминан соати 14:00 дар ноҳияи Ванҷ рух додааст.

Ба гузориши манбаъ, ронандаи худрави "ВАЗ-2106", марди 48 сола ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Будун ба деҳаи Андарбак — Жамак, дар мавзеи Приён аз зарби санги аз кӯҳ фаромада, худравро ба рӯди Язгулом чаппа кардааст.

Бо баргузории корҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади ронанда рёфт шуда, ҷасадҳои се мусофир — ду марди 48-сола ва ҷавони 24-солае аз ноҳияи Ванҷ то ҳол ёфт нашудаанд.

Барои пайдо кардани онҳо чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0