ВУД: саҳлангории ронандаҳо дар роҳҳои кишвар боиси марги ду кӯдак шуд

© Пресс-служба МЧС РФ / Гузариш ба медиабонкВ результате дорожной аварии в ХМАО погибли дети
В результате дорожной аварии в ХМАО погибли дети - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 22-уми август дар пайи садамаҳои нақлиётӣ, ки аз беэътиноии ронандагон сар задааст,ду кӯдаки хурдсол вафот карданд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи  Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ рӯзи гузашта ду кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расидаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи гузашта тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Латифов Ҷамшед Убайдуллоевич соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи А.Ҷомӣ ба самти шаҳри Қурғонтеппа, дар ҳудуди деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти Яккатут аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Тошматова Шаҳбону Авазхоновна соли таваллудаш 2014-ро пахш намудааст.

Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, рӯзи 22-юми августи соли равон, тахминан соати 11:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Хундай-Портер", Олтибоев Абдуҷалил Абдураҳимович соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи Бахтовари ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Султонова Ҳадиса Муҳаммадшоевна соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Бахтоварро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон далели рух додани ин ҳодисаҳои нохуши нақлиётиро саҳлангароии ронандагон мегӯяд.

Лентаи хабарҳо
0