ВУД ҶТ: милиса табарзанро дастгир кард

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкТопор, архивное фото
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милиса дар ноҳияи Носири Хусрав ҷавонеро дастгир карданд, ки дар паи ҷанҷол бо марде ӯро бо табар задаву захмӣ карда буд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохила дар ноҳияи Носири Хусрав ҷавони 25-солае аз деҳаи Сангобаро ба иттиҳоми суъиқасд ба ҷони марди 45-сола дастгир кардаанд.

Пробка на дороге Душанбе - Худжанд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД: баҳси ду ронанда дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд боиси кушта шудани яке шуд

Ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, ин муттаҳам 25-уми июн бо марди 45-солае ҷанҷол карда ӯро бо табар задааст. Дар натиҷа ин мард сахт захмӣ шудаву дар бемористон бистарӣ гаштааст.

Нерӯҳои интизомӣ барои бозҷӯии шароити ин қазия парванда оғоз кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0