Ҳоҷиён дар Ҳаҷ

Марги ҳоҷии тоҷик дар Иди Қурбон дар Арабистони Саудӣ

429
(Таҷдидшуда 12:30 06.09.2017)
Як ҳоҷии тоҷик ҳангоми адои маносики Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ вафот кард

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Домуллоҷон Ҷабборов — як сокини шаҳри Хуҷанд, вакили собиқи парлумони Тоҷикистон ва корманди собиқи Ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар синни 64-солагӣ дар Макка даргузаштааст.

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Афшин Муқим иттилоъ дод.

Бино бар иттилои сухангӯи кумита, Домуллоҷон Ҷабборов 1-уми сентябр — рӯзи Иди Қурбон вафот кардааст. Далели даргузашти ҳоҷии тоҷикро масъулин ҳоло муайян мекунад.

Дар ин бора дар гурӯҳҳои Фейсбук низ иттилоъ дода шудааст. Гуфта мешавад, марҳумро дар Макка ба хок супориданд ва маросими ёдбуди ӯ дар шаҳри Хуҷанд низ баргузор шуд.

Домуллоджон Джабборов таджикский паломник погибший во время хаджа
Домуллоҷон Ҷабборов, ҳоҷии тоҷик, ки дар Арабистони Саудӣ вафот кардааст

Афшин Муқим афзуд ҳоло наздики 6200 ҳоҷии тоҷикистонӣ дар Арабистони Саудӣ қарор доранд.

"Ҳоҷиён қисман дар Макка ҳастанд ва қисми дигарашон ба Мадина равонанд",- афзуд вай.

Гурӯҳи аавали ҳоҷиёни тоҷик 11-уми сентябр ба Тоҷикистон бар хоҳанд гашт.

429
Барчаспҳо:
даргузашти ҳоҷӣ, Ҳаҷ, Тоҷикистон