Президент России Владимир Путин принимает участие в саммите Группы двадцати в Гамбурге

Владимир Путин куштори мардум дар Лас-Вегасро ба Доналд Трамп таслият гуфт

64
(Таҷдидшуда 11:40 04.10.2017)
Раисҷумҳури Русия дар паёме куштори шаҳрвандони амрикоӣ дар Лас-Вегасро ба хонаводаҳои кушташудагон, мардуми Амрико ва Доналд Трамп таслият гуфт

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Владимир Путин дар ин паём ҳамчунин гуфтааст: "Ҷинояте, ки ҷони даҳҳо тан аз шаҳрвандонро гирифт, бисёр такондиҳанда буд".

Раисҷумҳури Русия бо ибрози ҳамдардӣ ва ҳимоят аз бастагону хонаводаҳои кушташудагон, ҳамчунин барои захмишудагон орзӯи беҳбудӣ кард.

Ёдоварӣ мекунем, ки ин тирандозӣ дирӯз дар ҷашнвораи мусиқие рух дод, ки дар Лас-Вегас баргузор мешуд. Дар ин тирандозӣ, бино бар охирин омор, 59 кас кушта ва беш аз 500 кас захмӣ шуданд.

Созмони теруристии "Давлати исломӣ" масъулияти ин кушторро бар уҳда гирифта буд, вале Пулиси федероли Амрико эълом кард, ки тирандоз ҳеч пайванде бо ДОИШ надоштааст.   

64
Барчаспҳо:
куштор дар Лас-Вегас, таслият, ҳамдардӣ, Доналд Трамп, Владимир Путин, Русия-Амрико
Мавзуъ
ДОИШ масъулияти тирандозӣ дар Лас-Вегасро бар уҳда гирифт
Тирандозӣ дар Лас-Вегас: камубеш 20 кушта ва беш аз 100 захмӣ