Ду корманди дафтари Интерпол дар Душанбе ҳангоми ришваситонӣ боздошт шуданд

© REUTERS \ Edgar SuA man passes an Interpol logo during the handing over ceremony of the new premises for Interpol's Global Complex for Innovation, a research and development facility, in Singapore September 30, 2014
A man passes an Interpol logo during the handing over ceremony of the new premises for Interpol's Global Complex for Innovation, a research and development facility, in Singapore September 30, 2014 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду корманди дафтари Интерпол дар шаҳри Душанбе ба иттиҳоми ришваситонӣ иттилоъ дод

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ба гузориши дафтари матбуотии Ожонси мубориза бо фасод, ин боздоштшудагон подполковник Аҳлиддин Камолов, мудири Идораи пайгарди байналмилалӣ ва майор Ҷовид Ваҳҳобов, корманди аршади идораи дафтари Интерпол дар Тоҷикистон ҳаастанд.

Встреча министра МВД Таджикистана с генеральным секретарём Интерпол - Sputnik Тоҷикистон
Сипосгузорем: Раҳимзода дабири кулли Интерполро ба Тоҷикистон даъват кард

Бино бар ин гузориш, пулиси ҷумҳурии Бошқиристон аз дафтари Пулиси байналмилал дар Тоҷикистон дархости ҳамкорӣ барои гирифтани шаҳодати ду шаҳрванди ҶТ дар иртибот бо як қазияи қатл дар Русияро карда буд, аммо ин ду корманди Интерпол бо ҳадафи дарёфти ришва аз шоҳидон, ки қарор буд дар Русия бозҷӯӣ шаванд, онҳоро таҳти фишор қарор доданд.

Кормандони қонуншикан ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро маҷбур карда буданд ба манзури муаррифии онон ба унвони шоҳиди қазияи қатле дар Бошқиристон, ҳар кадоме 15 ҳазор сомонӣ ба онҳо ришва пардохт кунанд.

Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳам бо пардохти сеяки ин маблағ ба ин ду корманди дафтари Пулиси байналмилал дар шаҳри Душанбе, аз онҳо ба Ожонси мубориза бо фасод шикоят бурданд. Пас аз ин, Аҳлиддин Камолов ва Ҷовид Ваҳҳобов ҳангоми дарёфти бақияи маблағ боздошт шудаанд.

Ин нахустин маврид аз боздошти кормандони дафтари Пулиси байналмилал дар Тоҷикистон аз замони таъсиси намояндагии ин ниҳод дар ин кишвар аст.

Лентаи хабарҳо
0